Jump to content

Дугоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дугоҳ – ду ҷой, пардаи дуввум;

  1. Садое, ки аз ду ҷо, парда падид омада, эҷод шуда;
  2. Наво, оҳанг ва суруди маъмули классикӣ дар мусиқии устодонаи тоҷик:
  3. Лаҳни пурра ва пардае, ки байни ду садо эҷод шуда;
  4. Шуъбаи маъмул дар таркиботи Дувоздаҳмақом (садаҳои 12-17 ва ибтидои ас.18) ва тартиби истихроҷи қаторовозҳои он дар пардаҳои сози уд чунин аст:
  • А+Д(0-204) ва Ҳ+Йа(498-702)

Мақоми чаҳорум дар таркиби «Шашмақом» буда ва аз шохаҳои созии (зиёда аз 40 наворо фаро гирифта):

  • «Тасниф»,
  • «Пешрав»,
  • «Тарҷеъ»,
  • «Гардун»,
  • «Самоъӣ»,
  • «Мухаммаси Дугоҳ»,
  • «Мухаммаси Чоргоҳ»,
  • «Мухаммаси Ҳоҷихоҷа»,
  • «Мухаммаси чорсархона»,
  • «Сақили Ашкулло» иборат аст.

Шохаи овозии (насрӣ) Дугоҳ аз шуъбаҳои «Сарахбор» (таронаҳои 1-5), «Талқини Чоргоҳ», «Насри Чоргоҳ», «Ораз», «Ҳусайнӣ», «Савти Чоргоҳ», «Муғулча», «Сарахбори Ороми» ҷон ва «Уфар» таркиб ёфтаанд. Дар маҷмӯъи мақомҳои хоразмӣ бошад Дугоҳ бо каме тағйирот амал намуда, яъне Таснифро мақоми «Дугоҳ» ва ё тани мақом меноманд. Зимни дар баъзе аз шохаҳо гӯшаҳои «Зарбулфатҳ», «Фохтазарб» (Пахтазарб) ва «Уфарҳо» ва бахши таронавиро Сарахбор номида ба ҷои нимаи дигарашон бошад «Нақш», «Баёт» Сувораҳо ворид гардидаанд. Дугоҳ чун мақомҳои дигар бо риояти усули доира иҷро мешавад.

Мусиқии Дугоҳ саршор аз ифодаҳои рангину мутанаввеъи савтию тараннумист ва мақомдонон дар заминаи савту навоҳояш таснифоти рангин сохтаанд.

  • Фарҳанги Рашидӣ,Теҳрон,1958;
  • Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1961;
  • Фарҳанги Амид,Теҳрон,1966;
  • Абдулқодири Мароғӣ, Мақосид-ул-алҳон, Теҳрон, 1356;
  • Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ,таҳия ва таҳқиқи Аскаралӣ Раҷабов, Душ., 1987;
  • Ражабов И.Мақомлар масаласига доир, Тош.-т,1963;
  • Мусиқӣ луғати, Тош.-т, 1987;
  • Ражабов И. Мақом асослари, Тош.-т, 1992;
  • Низомов А. Таърих ва назарияи Шашмақом, Душ., 2006.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 68 ISBN 978-99947-49-13-3