Jump to content

Дӯстмурод Уроқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯстмурод Уроқов
Таърихи таваллуд 5 май 1942(1942-05-05)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 январ 2021(2021-01-17) (78 сол)
Маҳалли даргузашт
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ[d] (1989)

Дӯстмурод Уроқов (5 май 1942, деҳоти Мирзо Ризо, НТҶ17 январ 2021, Душанбе) — иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисод (1989), профессор (1992), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯстмурод Уроқов соли 5 майи 1942 дар деҳаи Хоҷачилдиёри ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1965 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар ҳамин ҷо ним аср фаъолият доштааст, вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳисобгирии бухгалтериро (1965—1980) иҷро карда, солҳои 1981—2003 ва 2008—2011 мудири ҳамин кафедра буд[1]. Аз соли 2003 профессори кафедраи номрафта мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз поягузорони назарияи ҳисобгирии хароҷот дар доираи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мебошад.

Оид ба нақшагирӣ ва калпулятсия арзиши аслӣ аз рӯи доираи фаъолияти таъминоту тайёрӣ, истеҳсолӣ, ташкилӣ, фурӯш ва соҳаҳои истеҳсолии хизматрасонӣ, масоили баҳисобгирии хароҷот дар доираи фаъолияти хоҷагидорӣ ва ғайра зиёда аз 150 асару мақола навиштааст.

Дӯстмурод Уроқов дар баробари таълифи осори илмӣ ва фаъолияти пурсамар дар соҳаи иқтисод ба эҷоди асарҳои бадеӣ низ рағбат дошт. Муаллифи повести «Мерган» (2006), асари касбиҳолию саёҳатии «Қиссаҳои марғуби зиндагӣ» (2007), романи «Овора» (2008), ҳикояю ёддошти «Савтҳои зиндагӣ» (2015) мебошад.

Дӯстмурод Уроқов дар таърихи 17 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар синни 78-солагӣ даргузашт[2].

  • Проблемы учета затрат и кальпулирования себестоимости в промышленности СССР. — Д., 1974;
  • Проблемы учета и кальпулирования в местной промышленности СССР. — Д., 1975;
  • Ҳисоби хоҷагӣ дар шароити прогрессии илму техника. — Д., 1977;
  • Баҳисобгирӣ ва назорат дар шароити прогрессии илму техника. — Д., 1978;
  • Учет и кальпулирования в мясной промышленности Таджикистана. — Д., 1978;
  • Учет и контроль экономической эффективности промышленного производство. — Д., 1982;
  • Проблемы учета и контроля затрат в условиях интенсификации производство. — Д., 1988;
  • Назарияи ҳисобгирии бухгалтерӣ. — Д., 1990;
  • Учет затрат по сферам деятельности. — М., 1991;
  • Финансово-кредитные рычаги повышения экономической эффективности промышленного производство. — Д., 2001;
  1. Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ – tnu (11 октябри 2022). 3 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Sputnik Тоҷикистон. Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (17 Январ 2021). 3 Январ 2024 санҷида шуд.