Жозеф Артюр де Гобино
фр. Joseph Arthur de Gobineau | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | фр. Joseph Arthur de Gobineau |
Тахаллусҳо: | Ariel des Feux[1][4] ва Ariel Des Feux[4] |
Таърихи таваллуд: | 14 июл 1816[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 13 октябр 1882[1][2][3][…] (66 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, диплумот, сиёсатмадор, шоир, муҷассамасоз, инсоншинос, рӯзноманигор, файласуф |
Забони осор: | фаронсавӣ[1][7] |
Ҷоизаҳо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Граф Жозеф Артюр де Гобино́ (фр. Joseph Arthur comte de Gobineau; 14 июл 1816[1][2][3][…], Вил-д’Аврэ[d][5] — 13 октябр 1882[1][2][3][…], Турин[6]) — нависанда, шарқшинос, шоир, муаррих, муҳаққиқ ва дипломати фаронсавӣ. Яке аз поягузорони идеологияи нажодпарастӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷавонӣ ба арсаи сиёсат ворид гашт. Чун сафири Фаронса дар кишварҳои Швейсария, Юнон, Эрон, Бразилия ва Швейтсия хидмат кардааст. Ҳангоми дар Эрон сафир буданаш (1855—1863) забони форсиро омӯхт ва ба таҳқиқи таъриху фалсафаи Эрон ва тарҷумаи матнҳои форсӣ ба фаронсавӣ машғул шуд. Сафарномае бо номи «Се сол дар Эрон» навишт, ки дар он одоб, суннат, андеша, эътиқоди мардуми эронӣ ва аврупоиро ба ҳам муқоиса кардааст. Дар бахше аз ин китоб ба фирқаҳои мазҳабии Эрон, аз ҷумла шайхия, баҳоия, зардуштия, аҳлулҳаққ, алиаллоҳия ва ғ. ва чигунагии пайдоиши онҳо ишора мекунад. Ба ғайр аз ин, ба қалами Гобино асарҳои таҳқиқотӣ оид ба таърихи тамаддуни Эрон («Рисолае дар бораи хатти мехӣ»; 1864), «Таърихи эрониён» (дар ду ҷилд, 1869) тааллуқ доранд. Асари муҳимми ӯ «Мақолаҳо дар боби нобаробарии нажодҳои инсон» (дар 4 ҷилд, 1853—1855) мебошад. Ӯ муътақид ба бартарии нажоди ориёӣ буд, ки дар оғози асри 20, бахусус дар солҳои баъд аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, тарафдорони бисёре дар Аврупо пайдо кард. Ин мактаб бештар мавриди таваҷҷуҳу эҳтироми нависандагону мутафаккирони олмонӣ буд. Дар Олмон китобҳову мақолаҳои бисёре дар бораи афкору андешаҳои вай нашр шуданд ва метавон гуфт, ки пайдоиши нажодпарастӣ дар ин кишвар мустақиман аз фалсафаи Гобино сарчашма гирифтааст. Гобино аз мактабҳои фалсафӣ дину фалсафаи Зардуштро меписандид ва онро ҷолибтарин фалсафа медонист. Гобино чун нависанда низ маъруф буд. Аз ӯ новеллаҳо, қиссаҳо, романҳо ва ғайра ба мерос мондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Benezit Dictionary of Artists (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Bibliothèque nationale de France Record #11905198w // BnF catalogue général (фр.) — Paris: BnF.
- ↑ 6.0 6.1 Гобино Жозеф Артюр де // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1989;
- Гофман А. Б. Элиттизм и расизм (критика философско-исторических воззрений А. де Гобино // Расы и народи; Ежегодник. Т. 7. М., 1977.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гобино Жозеф Артюр де / Ш. Шокирзода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 14 июл
- Зодагони соли 1816
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 13 октябр
- Даргузаштагони соли 1882
- Даргузаштагони Итолиё
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо