Забони расмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Забони расмӣ — бсштар бо забони давлатӣ ҳаммаъно мсбошад, вале метавонад баробари забони давлатӣ амал кунад. Масалан, дар моддаи 4 Қонуни ИҶШС «Дар бораи забони халқҳои ИҶШС» аз 24 апрели [[соли 1990]] гуфта шудааст, ки «бо назардошти шароити таърихии бавуҷудомада ва бо мақсади таъмини вазифаҳои умумииттифоқй забони русӣ дар марзи ИҶШС забони расмии ИҶШС дониста мешавад ва ҳамчун воситаи му оширати байни миллатҳо истифода бурда мешавад». Дар асл забони русӣ вазифаи забони давлатии ИҶШС-ро иҷро мекард. Забони расмӣ забонест, ки баробари забони давлатӣ дар марзи давлат татбиқ шуда метавонад. Масалан, мувофиқи моддаи 7 Конститутсияи Қазоқистон соли 1995 забони давлатй дар ҷумҳурй забони қазоқӣ мебошад. Дар ташкилотҳои давлатй ва мақомоти худидораи м аҳаллй баробари забони қазоқӣ расман забони русй низ истифода бурда мешавад. [1]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 164