Jump to content

Забони расмӣ дар парлумон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Забони расмӣ дар парлумонзабоне, ки бо он аъзои парлумон баромад мекунанд ва парлумон фаъолият мекунад. Бештар вақт ин ё он забон аст, вале аз ин истисно низ бисёр аст. Ҳоло дар зиёда аз 20 кишвар ду забони расмӣ мавҷуданд. Дар Конго, Шри-Ланка, Швейтсария, Зимбабве, Фиҷҷи аъзои парлумон бо се забон баромад карда метавонанд, дар Зоир бо чор забон, дар собиқ Югославия бо зиёда аз чор забон, дар собик ИҶШС аз оиҳо зиёдтар забонҳо ба кор бурда мешуданд. Шумораи забонҳое, ки тавассути оиҳо ҳуҷҷатҳои иарлумон интишор мегарданд, на ҳамеша бо забони кории он мувофиқ меояд. Мувофиқи Дастури Маҷлиси миллӣ 10 ноябри соли 2000 иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ бо забони давлатӣ бурда мешавад. Интихоби забон барои нотиқон маҳдуд карда намешавад. Ба шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, тарҷума таъмин карда мешавад (моддаи 23). Айнан чунин меъёрро Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 7 ноябри соли 2001 пешбинӣ намудааст (моддаи 57). Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод мешаванд (банди 7 моддаи 96)[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 164