Забони шартномаи байналхалқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Забони шартномаи байналхалқӣ — забони асосии ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳо мебошад, ки дар вақти бастани шартномаҳои байналхалқӣ ва коргузории расмӣ истифода мешавад. Забонҳои расмӣ ва корӣ аз ҳам фарқ карда мешаванд. Масалан, ба забонҳои расмии СММ забони англисӣ, забони франсавӣ, забони испанӣ, забони русӣ ва забони хитойӣ дохил мешавад, забонҳои корӣ бошад, англисӣ ва франсавӣ шинохта шудаанд. Забонҳои кории Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид забони англисӣ, забони франсавӣ, забони испанӣ мебошанд. Аз соли 1968 забони русӣ ба қатори забонҳои корӣ дохил карда шуд. Аз соли 1973 бошад, ба қатори забонҳои корӣ ва расмии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид забони арабӣ дохил гардид. Забони расмии Шӯрои Аврупо забони англисӣ ва забони франсавӣ эътироф гардидаанд. Шартномаҳои дутарафа ба забонҳои давлатҳои аҳдкунанда тартиб дода мешаванд. Шартномаи бисёртарафа бошанд, ба забонҳое, ки иштирокчиён интихоб мекунанд, тартиб дода мешаванд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 164