Зайниддин Муҳидинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайниддин Муҳидинов
Муҳидинов Зайниддин Қамарович
Таърихи таваллуд 1 август 1961(1961-08-01) (62 сол)
Зодгоҳ деҳаи Мадм, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм (2003)
Унвонҳои илмӣ профессор (2011)
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И Ленин (1973)
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино(2006),
Ихироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)

Зайниддин Муҳидинов (Муҳидинов Зайниддин Қамарович; 1 августи 1961, деҳаи Мадм, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — кимиёдони тоҷик, доктори илмҳои кимиё (2003), профессор (2011). Барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абу Али ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (2006), Ихтирокори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012). Узви Ҷамъияти кимиёгарони Амрико (аз 2007).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайниддин Муҳидинов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори фани кимиё соли 1983 хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ солҳои 1983—1986 ба сифати лаборанти калон, муҳандиси калон дар озмоишгоҳи полимерҳои нахҳосилкунандаи Институти кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмии худро оғоз намудааст. Солҳои 1986—1990 дар аспирантура (Институти кимиёи АИ ҶТ ва Институти Гематологии шаҳри Москва) таҳсили илм намудааст. Тайи солҳои 1990—1992 ҳамчун ходими хурди илмӣ ва солҳои 1992-1998 ходими калони илмии озмоишгоҳи полимерҳои мансуб ба тиби Институти кимиёи АИ ҶТ шуда кор кардааст.

Зайниддин Муҳидинов солҳои 1998—1999 курси докториро дар Донишкадаи миллии тиббии Ҳиндустон гузаронидааст. Солҳои 1999—2001 ҳамчун эксперти техникӣ — MERLIN (Medical Emergency Relief International) кор кардааст. Давоми солҳои 2003—2004 докторанти Донишгоҳи Темпли шаҳри Филаделфияи Иёлоти Пенсилвания, ИМА буда, татқиқоти муштаракро бо олимони ин донишкадаи бонуфузи ИМА гузаронидааст. Тули солҳои 2004—2006 ҳамчун ходими пешбарандаи илмӣ дар озмоишгоҳи моддаҳои фаромолекулавӣ (полимерҳо) Институти кимиёи АИ ҶТ, котиби комиссияи озмоишӣ доир ба илмҳои химия ва геологӣ-минералогияи АИ ҶТ шуда, фаъолият кардааст.

Зайниддин Муҳидинов соли 2006 ба сифати нозири созмони байналмилалӣ оид ба қатъи яроқи кимиёвӣ дар назди ВКХ ҶТ фаъолият намудааст. Аз соли 2006 ҳамчун ходими пешбари илмӣ дар озмоишгоҳи моддаҳои фаромолекула фаъолият намудааст.

Аз 10 апрели соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини АИ ҶТ интихоб шудааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиёда аз 35 сол Зайниддин Муҳидинов дар Институти кимиё доир ба модаҳои фаъоли биологӣ, биополимерҳо, кимиёи полисахаридҳои пектинӣ, технологияи коркард ва соҳҳои истифодабарии онҳо корҳои илмӣ-татқиқотӣ мегузаронад.

Соли 1992 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Структураи гомогалактуронан ва пахлӯҳои физикӣ-химиявии ҳосилкунии модаҳои пектинии баландсифат» ва дар соли 2003 рисолаи докториро дар мавзӯи «Ҷабҳаҳои физикӣ-химиявии коркард ва истифодаи модаҳои пектинӣ» дифоъ намудааст. Натиҷаи корҳои илмии Зайниддин Муҳидинов дар самти коркарди асосҳои бунёдии равандҳои технологияи бадаст овардани моддаҳои пектинӣ-муҳимтарин модда дар истифодаи амалии истеҳсоли масолеҳи озӯқаворӣ ва тиббӣ назаррас аст. Аз тарафи вай технологияи нави бадаст овардани пектинҳо аз партовҳои муштақи (дуюмдараҷа) маҳсулоти консервии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор карда баромада шудааст. Технологияи мазкур бо 6 патентҳои дохили ва хориҷи ҳифз шуда, аввалин пешниҳоди Ӯ дар базаи Иттиҳодияи Аграрию саноатии «Шаҳринав»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шудааст. Ӯ солҳои 2007—2009 лоиҳаи «Коркарди саноатии пектин бо тарзи каммасраф» дар ҳамкорӣ ба Маркази илмӣ-татқиқотҳои Шарқии (МИТШ) Хоҷагии Кишоварзии Департаменти Давлатии (ХҚДД) ИМА дар чорчӯбаи барномаҳои Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МБИТ) ба сомон расонид. Дар давоми солҳои 2007—2014 лоиҳаи дигари «Коркарди интиқолкунандгони моддаҳои доругӣ аз полимерҳои табиӣ» бо ҳамкорӣ бо МИТШ ХКДД ИМА дар чорчӯбаи барномаҳои МБИТ-ро низ роҳбарӣ крадааст. Таҳи солҳои охир (2015—2018) ӯ роҳбарии лоиҳаи МБТИ дар мавззуъи «Комплекси олигосаҳаридҳо бо полифенолҳои рустанӣ барои тавлиди маводи нави хӯрокаи табобатӣ» ба уҳда дошт. Ба ғайр аз ин Ӯ дар лоиҳаҳои байналмиллаии экологӣ ки аз тарфи Созмонҳои Аврупо ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ пешниҳод шуда буданд фаъолият ва роҳбари кардааст.

Хизматҳои Зайниддин Муҳидинов дар дарёфти асбобҳои нодири илмӣ дар чорчӯбаҳои ҳамаи он лоиҳаи байналмилалӣ, ки ҷиҳати рушди илми кимиё ва Институт такони ҷиддӣ гузошт, хело баланд аст. Аз ҷиҳати рушди илми соҳаи биополимерҳо Ӯ як риштаи нави инновтсиониро ҷорӣ ва коркард карда истодааст. Бо истифода аз моддаҳои пектинӣ ва ва сафедаҳои зардоби шир (боқимондаи коркарди маҳсулоти ширӣ) коркарди нави интиқолкунандагони маводи доруворӣ ихтироъ ва дар оянда (дар барноми с. 2016—2002) тарзи истифодаи онҳо дар тиб таҳҳиқ хоҳад шуд. Дар зери роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи илмии худро дифоъ намудаанд ва боз ду нафар докторант, се нафар аспирантон ва ду магистр корҳои илмиро давом дода истодааст.

Зайниддин Муҳидинов дар асоси шартнома тайи солҳои 2012—2014 мудири шуъбаи илмии Филиали Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов шуда, фаъолият намудааст. Ӯ аъзои фаъоли шӯрои диссертатсионии Д 047.003.03 КОА ФР, шӯроҳои КОА6D.KOA.007 ва 6D.KOA.039 назди призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо роҳбарии Зайниддин Муҳидинов 10 нафар аспирантон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Нахустин бор аз тарафи вай пектин барои муолиҷаи беморони касалии санги талхадон (желечнокаменный) (Институти гастроэнтерелогияи АИ ҶТ, Институти илмҳои тиббии — AIIMS, Ҳиндустон) истифода гардидааст ва дар омехтагӣ бо антибиотикҳо барои табобати як қатор касалиҳои сирояткунанда коркард ва дар Беморхонаи касалиҳои сироятии Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудааст. Тасдиқ карда шудааст, ки истифодаи пектин дар пайвастагӣ бо антибиотикҳо ба табобати бошитоби беморони бо диагнози инфексияи шадиди рӯда ва паст намудани таъсири иловагии антибиотикҳо мусоидат мекунад.

Ихтироот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дорандаи 8 патенти ҶТ, як патенти Евро-Осиёӣ ва ду патенти Украина мебошад. Бо иштирок ва роҳбарии Ӯ патенти аввалини сирри махфии давлатӣ дошта дар ҶТ ба даст оварда шуд.

Корбурди ихтироот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Санади хулосавии санҷишӣ барои дар амал тадбиқ намудани усули тозакунии маҳлули гидролизати пектинҳо, ки дар сехи коркарди пектин дар ширкати ПАПО «Шаҳринав»-и ноҳияи Шаҳринав, соли 1992 (TJ 197) гирифта шудааст. Тадбиқи ин усул имконият дод, ки аввалин бор пектин дар шароити саноатӣ бо сифати баланд ҳосил карда шавад ва зиёда аз 20 маротиба маҳсулот ҳосил карда шуд. Аммо аз сабаби ҷанги шаҳрвандии он солҳо, сехи пектин дар ин ширкат фаолияташро давом дода натавонист ва хароб гашт.
  • Санади хулосавии санҷишӣ барои дар коркарди маҳсулот қаннодӣ, мармелад истифодабарии маҳлули ғанигардонидаи пектини себ дар корхонаи ҶСК фабрикаи «Ширин»-и Душанбе, соли 2011 (TJ 197, ЕАП 016871) гирифта шуд. Истифодаи маҳлули ғанигардонидаи пектинӣ имконият медиҳад, ки корхона аз хариди пектини Чинӣ даст кашад ва ба истифодаи маводи ватании хушсифату арзон гузарад.
  • Санади хулосавии санҷишӣ барои истфодабарии пектини баландметилӣ (аз ситрус ва себ) дар устувор нигоҳ доштани маҳсулоти ширӣ (кефир ва йогурти мева) дар корхонаи ҶШП «Комбинати ширии Душанбе»-и Душанбе, соли 2013 (TJ 563) гирифта шуд. Ин татбиқот ба корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ имконияти нигоҳдории дарозмуддати маҳсулоти истеҳсолиро фароҳам оварда, ба фурӯши он дар фасли тобистон дар бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.
  • Фармакопея ВФС МЗСЗН РТ 230021 — 14 « Пектини себ». Нахустин бор пектин ҳамчун моддаи фаоли доруворӣ дар Ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст (Временная фармакопейная статья ВФС МЗСЗН РТ 230021 — 2014, ВФС-42-0395, 1995). Барои муолиҷаи беморони касалии санги талхадон (ҳамкориҳо бо Институти гастроэнтерелогияи АИ тибии Тоҷикистон ва Институти илмҳои тиббии Ҳиндустон — AIIMS, солҳои 1986—1999) тавсия карда шудааст. Пектин дар мувофиқа бо антибиотикҳо барои табобати якқатор касалиҳои сирояткунанда (беморхонаи касалиҳои сироятии Душанбе) коркард ва истифода шудааст. Таҷрибаҳо тасдиқ кардаанд, ки истифодаи пектин дар якҷоягӣ бо антибиотикҳо, муҳлати табобати беморонро, ки бо диагнози инфексияи шадиди рӯдаҳо хобидаанд, камтар карда ва ба паст намудани таъсири иловагии антибиотикҳо мусоидат намудааст.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 6 боби китобҳои илмӣ, бо чопи Ҷамъияти кимиёшиносони ИМА, Ҷамъияти Шоҳигарии Бритония Кабир ва Иттиҳоди Аврупо, ва ду монография мебошад.

Китобҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • DjonmurodovA.S., Muhidinov Z.K., Strahan G.D., Kholov S.E., Teshaev Kh.I., Fishman M.L., Liu LS. Pectic polysaccharides from pumpkin fruit. In Gums and Stabilisers for Food Industry 16. / Ed. by Peter A. Williams and Glyn O. Philips.-RSC Publishing 2016. P. 23-36.
  • Muhidinov Z.K., Teshaev Kh.I, Kasimova G. F., Nasriddinov A.S., Liu LS. Pectin-Zein Hydrogels for delivery of Drugs and Nutrients. In Gum and Stabilisers for the Food Industry 16, RSC publishing, Cambridge UK. ed. P.A. Williams and G.O. Fillips, 2012, p. 401—406.
  • W Wu,. M.S.Acharia, , B.G Tensay., T Doanh, Z Muhidinov. Investigation on stability of Landfill slope in Dushanbe, Tajikistan NISMIST publication, Vienna, Austria, 2008 p. 191—204 NISMIST publication, Vienna, Austria, 2008 p. 191-20
  • W Wu,. M.S Acharia,., S Web., B.G Tensay., T.Doanh, Z Muhidinov., M Ritzkowski., M Anarbaev. Investigation on stability of Landfill slope in seismically active regions in Central Asia NISMIST publication, Vienna, Austria, 2008 p. 205—223
  • Z.K. Muhidinov, J.D. Bobokalonov, L.S. Liu, and R. Fassihi. A Kinetic Study of Poor Water Soluble Drug Released from Pectin Microcapsules Using Diffusion/Dissolution Model ACS Symposium series 2008, No. 992 New Delivery Systems for Controlled Drug Release from Naturally Occurring Materials, Chapter 11, p. 193—208.

Монография[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Илм ва Истеҳсолот. Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон / Зайниддин Муҳидинов, Раҳматов А. С. — Душанбе: Доро-2017. — 126 с.
  • ПЕКТИН, лечебно-профилактический продукт для здоровых и больных/ Зайниддин Муҳидинов, Холиқов Ҷ.Х. Монография, НПИ Центр Мин. Экономики и Торговли РТ, Душанбе, 2005. — 55 с.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Соли 1996 ба ҷоизаи давлатии ба номи Абуали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шудааст
  • Ихирокори беҳтарин дар соли 2012 бо нишони фахрии Маркази миллии патенту иттилоотии Вазрати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мукофотонида шудааст. Барои хидматҳои шоёнаш дар ҳамкори бо олимони кишварҳои гуногун бо як Ифтихорномаи Маркази МИТШ ХКДД ИМА ва ду ифтихорномаи АИ ҶТ сафароз гардидааст.

Аз соли 2007 узви Ҷамъияти кимиёгарони Амрико мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Наука из первых рук, или околонаучные домыслы дилетантов / З.Қ. Муҳидинов // Рӯзномаи "Народная газета, № 9, — 2015, −4 Март.
  • Дилетанты обсуждают науку / З.Қ. Муҳидинов, А. С. Раҳматов, Ф. Ю. Носирова // Рӯзномаи «Азия Плюс» № 38, — 2016, −19 Май.
  • Не разрушать, а созидать и крепить / А.Саидов, И. Ганиев, З. Мухидинов // Рӯзномаи "Народная газета, № 2, — 2016, −11 Январ.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]