Зайниев Насриддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Зайниев Насриддин
Насриддин Зайниев
Зодгоҳ:

Душанбе

Санаи марг:

31 январ 2004(2004-01-31)

Маҳалли марг:

Тошканд

Мамлакат:

 Ӯзбекистон

Фазои илмӣ:

фалсафа

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Ин.-ути хоҷагии қишлоқи Самарқанд, Мактаби олии партиявии Тошканд, Акададемияи ВКД Ӯзбекистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои фалсафа

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Насриддин Зайниев (Тав. 02.01.1937, ш. Душанбе) – ваф. 31.01.2004, ш. Тошканд) — файласуф, ҳуқуқшинос, омӯзгор. Доктори илмҳои фалсафа (1964), профессор (1977).

Зиндагинома[вироиш]

Насриддин Зайниев дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1955–1959). Муфаттиши прокуратураи н. Куйбишев (ҳоло – А. Ҷомӣ, 1959–1960), асп. каф. фалс. УДТ (1960–1964), муаллим (1964–1965), дотсенти каф. фалс. ва каф. материализми таърихӣ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин кор кардааст (1965–1973). С. 1973 ба кори каф. коммунизми илмии УДСамарқанд ба ҳайси муд. каф.гузашта, с. 1974 дар мавзӯи «Аҳамияти иттилооти иҷтимоӣ дар идораи ҷамъияти сотсиалистӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Минбаъд ба сифти муд. каф. фалсафа ва коммунизми илмии Ин.-ути хоҷагии қишлоқи Самарқанд (1977–1980), муд. каф. коммунизми илмии Мактаби олии партиявии Тошканд (1980–83), муд. каф. фалс. Ин.-ути давл. тиббии Тошканд (1984–93), мудири каф. фалсафаи Акададемияи ВКД Ӯзбекистон (1993–2002) ифои вазифа кардааст. Хизматҳояш бо чандин Ифтихорномаи Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6