Jump to content

Зайнулъобидини Ҳусайнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайнулобуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ
Зайнулобуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ
Таърихи таваллуд 1436(1436)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1502(1502)
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Зайналобуддин ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Ҳусайнӣ (1436, Ҳирот; 1502, ҳамон ҷо) — мусиқидон, оҳангсоз, хонанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик, муаллифи «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайнулобиддини Ҳусайнӣ илмҳои замонашро аз падараш, ки олим, шоир ва мударриси мадрасаи «Ихлосия»-и Ҳирот буд, омӯхтааст. Баъдан аз донишмандону устодони созу овози Ҳирот, Самарқанд, аз ҷумла Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Устод Шодӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид доир ба илми мусиқӣ сабақ гирифтааст. Дар илми бадеъ ва назарияи мусиқӣ шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Зайнулобиддини Ҳусайнӣ дар мадрасаи «Ихлосия» аз фанҳои риёзиёт, фалсафа, назарияи мусиқӣ ва бадеъ дарс гуфта, бо хоҳиши Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ рисолаеро бо номи «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ» (нусхаи ягонаи он таҳти № 42 дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон маҳфуз аст) таълиф намуда, ба устодаш Алишер Навоӣ бахшидааст. Ӯ бо ин асари таҳқиқии худ дар ҳаёти фарҳангии Эронзамин саҳифаи нав боз намуд. Дар рисолаи зикршуда «нағма», «буъд», «иқоъ», «ҷамъ», «алҳон» маънидод гардида, истилоҳу мафҳумҳои мусиқӣ, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом», «овоза», «шуъба» ва тарзи ҳосилшавии овозҳои пасту баланд шарҳ дода шудаанд. Зайнулобиддини Ҳусайнӣ «буъд»-ҳо ва муносибати нисбии онҳоро бо рақамҳо возеҳ маънидод кардааст. Дар ин асар ҳамчунин оид ба сози дутор, тарзи сохтан, ҷӯр кардан ва «қаторовоз»-ҳои он маълумоти фаровон додааст.

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 71. — ISBN 978-99947-49-13-3.
  • Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, Р:42 ИРАН Уз. ССР;
  • Ражабов И. Ноёб мусиқий манбаи, Известия ООН АН Уз. ССР, № 8-9, 1969;
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир,Тош., 1963;
  • Зайнулобуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1987;
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас. 12-15, Душ., 1989.]