Jump to content

Заминбофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Заминбофӣ — як тарзи бофтани матоъ, ки дар дукони заминӣ иҷро мешуд. Заминбофӣ бештар дар минтақаҳои Зарафшон ва Рашту Дарвоз маъмул буд. Онро бонувон аз ресмони пахтагину пашмин дар дастгоҳи одие, ки дар замини ҳамвор устувор шуда буд, анҷом медоданд. Дукони заминбофӣ аз ду чӯби мувозӣ ва болочӯб барои овехтани тахтачаи ресмонбандӣ иборат буд. Чӯбҳо аз ду тарафи муқобил ба замин мустаҳкам кӯфта мешуданд ва нӯги торҳоро ба онҳо мебастанд. Дар Варзоб онро «дукони заминакӣ» мегуфтанд ва дар он пойтоба мебофтанд. Дарозии матоъ барои пойтоба 2,5 м, бараш 15-20 см буд. Бонувони Дарвоз тавассути дукони Заминбофӣ ғайр аз матоъ, инчунин барои куртаву тоқиҳо шероза мебофтанд. Шерозаҳо аз 3 ё 5 рах иборат буда, бо риштаҳои сурху сиёҳ бофта мешуданд. Ва ҳар нақш номи худро дошт, масалан, нақши серахаро «секӯка» ё «кирмак» ва нақши панҷрахаро чашми булбулак" меномиданд.

  • Широкова З. А. Одежда // Таджики Каратегина и Дарваза. Д., 1970;
  • Хамиджанова М. А. Материальная культура матчинцев до и после переселения на вновь орошенные земли. Д., 1974.