Зулайхо
Пеша | бозаргон |
---|---|
Ҳамсар | Путифор[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зулайхо (форсӣ: زلیخا) — яке аз симоҳо дар адабиёти шифоҳӣ ва хаттии мардуми Шарқ — яҳудиён, арабҳо, эрониён ва дигарон, ки тавассути симои дигари машҳур — Юсуф чун муҷассамаи ишқу муҳаббат машҳур гардидааст.
Қиссаи Зулайхо аз адабиёти шифоҳии қадими яҳудӣ маншаъ гирифтааст. Сужети хеле мухтасари қиссаи ишқи «Юсуф ва Зулайхо» чунин аст: ҳукмрон (азиз)-и Миср дар бозор ғуломе харид ва ӯро ба дарбор овард. Ин ғулом дар ҳусну ҷамол беҳамто буд. Завҷаи азизи Миср — Зулайхо ба ӯ майл намуд, вале Юсуф ба хоҷаи худ хиёнат карданро раво надид. Зулайхо Юсуфро туҳмат кард ва охирӣ ба зиндон афтод. Ба қавли дигар Юсуф аз дасти Зулайхо халосӣ ҷуста, рӯ ба гурез ниҳод ва дар дасти Зулайхо порае аз пироҳани Юсуф монд. Қиссаи Зулайхо таърихи беш аз 3500-4000-сола дошта, решаи он ба замони Тутаймиси III (1503—1449 то м.), яке аз намояндагони сулолаи 18-уми фиръавнҳои Миср мерасад. Тибқи ишораҳо қиссаи Зулайхо дар асли худ ҳамчун маҳсули эҷоди мардумӣ бошад ҳам, минбаъд онро дар дини яҳудӣ ва ислом маънии динӣ доданд. Дар Таврот бевосита бо номи Зулайхо дучор намеоем. Вале дар ин ҷо аз Бутифор — сардори посбонони Фиръавни Миср сухан меравад, ки Юсуфро аз тоҷирон харидорӣ карда, ба хона мебарад ва завҷаи ӯ ба Юсуф ошиқ мешавад. Баъдтар ин симои дар Таврот торик ба Қуръон мегузарад, ки он дар сураи «Юсуф» («аҳсану-л-қисас») таҷассум ёфтааст. Дар «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва «Таърихи Табарӣ» завҷаи Азизи Миср бо номи Зулайхо ёд шудааст. Дар «Тафсири Сурободӣ», «Тафсири сураи Юсуф»-и Зайди Тӯсӣ доманаи қиссаи Юсуф ва Зулайхо густурдатар буда, симои Зулайхо таҳаввули бештаре ёфтааст. Ин боиси ба адабиёти бадеӣ ва тасаввуф роҳ ёфтани ин қиссаи ошиқона гардид, ки минбаъд дар ин замина достонҳои бузургҳаҷм, ҳикояҳо, ҳикматҳо, қиссаҳо, маснавиҳо, афсонаҳо ба миён омаданд. Агар Саъдӣ, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Амъақи Бухороӣ дар ҳикоёти мансуру манзуми худ ҷузъе аз қиссаи Зулайхо-ро ёд карда бошанд, достонҳои мустақили «Юсуф ва Зулайхо»-и Фирдавсӣ, Масъуди Қуммӣ, Ҷомӣ, Ҷунайдуллоҳ Ҳозиқ ва дигарон қиссаи Зулайхо-ро равшану муфассал дар худ таҷассум намудаанд. Дар адабиёти муосири тоҷик шоир А. Қаҳҳорӣ бо номи «Қиссаи нави Юсуф ва Зулайхо» достоне офаридааст. Дар адабиёти гузаштаву муосири форс-тоҷик қиссаи ишқии Юсуф ва Зулайхо-ро адибон чун талмеҳ ба кор бурдаанд:
Чунонки гашт Зулайхо ҷавон ба ҳиммати Юсуф,
Ҷаҳони куҳна биёбад аз ин ситора ҷавонӣ.Ҷалолуддини Балхӣ
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.Ҳофиз
Муҳаббат бин, чи мавҷи бекарон дошт,
Ҷавон гардид Зулайхо, сӯхт дар ишқ.Саъдӣ
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зулайхо / А. М. Хуросонӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.