Jump to content

Ибодулло Файзуллооев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ибодулло Файзуллоев)
Ибодулло Файзуллооев
Ибодулло Файзуллоев
Тахаллусҳо: Ибод Файзулло
Таърихи таваллуд: 12 апрел 1935(1935-04-12)
Зодгоҳ: деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 16 октябр 2003(2003-10-16) (68 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ
Солҳои эҷод: 1957-2002
Жанр: тарҷумон, қиссаҳои бадеӣ
Забони осор: забони тоҷикӣ

Ибодулло Файзулло (Ибодулло Файзуллоев; 12 апрели 1935, деҳаи Чоркӯҳ, ноҳияи Исфара — 16 октябри 2003, Душанбе) — нависанда, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ, Коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони (1974) ва журналистони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибодулло Файзуллоев 12 апрели 1935, деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Аз оилаи хизматчӣ. УДТ (1959), Мактаби олии партиявии дар назди КМ КПСС(1977). Корманди рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1959—1963), муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1963—1965), котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1965—1969), ҷонишини мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоx. (1969—1975), муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1977—1979), мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон (1979—1981), соли 1981 котиби ИН Тоҷикистон То охири умр муҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» буд.

Асарҳояш аз соли 1957 чоп мешаванд. Китобҳояш «Ба сӯйи нур» (1966), «Садоқат» (1967), «Гулхани дӯстӣ» (1969), «Падарон ва фарзандон» (1971), «Дур аз фронт» (1973,) «Остони баланд» (1974), «Қиссаи бешаи сабз» (1977), «Борони баҳор» (1979), «Савганд» (1983), «Қарзи фарзандӣ» (1985), «Кӯҳи панҷум» (1996) ба табъ расиданд, ки очерку ҳикоя ва повестҳои беҳтарини адибро дар бар мегиранд. Асарҳояш ба русӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Осори С. Аҳмад, Г. Бакланов, Л. Ленч, С. Зунунова, И. Ракша, дромҳои А. Хӯҷаев «Андро ва сандро», А. Тарозӣ «Букӯни бобарор»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар офаридани симоҳои адабии М. Турсунзода, М. Қаноат, Р. Ғамзатов, Р. Рождественский, А. Олимxонов, А. Шукӯҳӣ, Ғ. Ғулом ва диг. маҳорат дошт. Вакили мардумӣ дар парлумони вақт буд. Бо медали «Барои хидмати аъло дар ҳифзи сарҳади СССР» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶТ қадр шудааст.

  • Исфаранома. — Душанбе: Шарқи Озод, 2004
  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 196 ISBN 978-99947-2-379-9