Иван Глушков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иван Глушков
Зодрӯз 2 май 1910(1910-05-02)
Таърихи даргузашт 21 апрел 1984(1984-04-21) (73 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат артиллерия
Қисм сержанти калон
Равобит
Ордени Ситораи Сурх Order of Glory First Class Order of Glory Second Class Order of Glory Third Class

Дорандаи ҳар се дараҷаи ордени Шараф Глушков Иван Михаилович (1910, деҳаи Покровкаи ноҳияи Грачевскийи вилояти Оренбург — 21.4.1984, ноҳияи Ҳисор) — фармондеҳи тӯпи полки 1174-уми артиллерии зиддитанкӣ, старшина.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пеш аз ҶБВ (1941-45) механики совхоззи «Вахш»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа буд. Соли 1941 ба Артиши Сурх даъват шуда, фармондеҳи тӯпи полки 1174-уми артиллерии зиддитанкӣ буд. Дар ҷангҳои назди шаҳри Қрими Куҳна, назди Балтика ва Берлин ҷасорату мардонагӣ нишон дода, 6 танк ва мошини зиреҳпӯш, чандин техникаи ҷангӣ ва бисёр фашистонро нобуд сохтааст. Пас аз ҷанг дар с-зи ба номи Куйбишеви ноҳияи Қӯрғонтеппа ва с-зи «Шаҳринав»-и ноҳияи Ҳисор (ҳоло ноҳияи Шаҳринав) кор кард. Аз соли 1966 нафақагир буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Ситораи Сурх ва медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бозорбоева М., Бобохонов М. Сарбозони шуҷоъ. Д., 1989.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]