Игор Глебов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Игор Глебов
Таърихи таваллуд: 21 январ 1914(1914-01-21)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 январ 2002(2002-01-11) (87 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: мошинсозӣ
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
Order "For Merit to the Fatherland" IV class ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурх Order of Alexander Nevsky Order of the Patriotic War 1st class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо Ордени Ситораи Сурх
Ҷоизаи давлатии СССР Merited Engineering Scientist of the RSFSR State Prize of the Russian Federation Russian government award for science and technology

Игор Глебов (русӣ: И́горь Алексе́евич Гле́бов; 21 январи 1914, Санкт-Петербург — 11 январи 2002, ҳамон ҷо) — олими рус дар соҳаи электроэнергетика ва мошинсозии электрӣ. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981). Академики АИ ИҶШС (1976), академики АИ Федератсияи Руссия (1991).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти политехникии Ленинград (1938). Солҳои 1941—1945 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1946—1954 дар Институти асбобсозии авиатсионии Ленинград, 1951—1961 дар Институти технологии саноати хӯрокворӣ, аз 1961 дар Инстиути умумииттифоқии таҳқиқоти илмии мошинсозии электрӣ (аз 1973 директор) фаъолият намуд. Игор Глебов асосан дар соҳаи системаҳои электроэнергетикӣ, коркарди мошинҳои электрии пуриқтидор, татбиқи ҳодисаи фавқунноқилият дар мошинсозии электрӣ таҳқиқот анҷом додааст. Игор Глебов системаҳои нави ангезиш ва танзими автоматии турбоагрегатҳову ҳидроагрегатҳоро ихтироъ намуда, мошинҳои электрӣ ва табдилдиҳандаҳои нимноқилиро такмил додааст. Игор Глебов солҳои 1968—1976 президенти Комитети таҳқиқоти илмии «Мошинҳои электрии чархзананда» дар назди Ташкилоти байналмилалӣ оид ба силсилаи энергетикии азим (СИГРЭ) буд; узви ҳақиқии Институти Амрико оид ба электротехника ва электроника.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1968), Мукофоти давлатии Украина (1990), Мукофоти давлатии Руссия оид ба илму техника (2001). Бо орденҳои «Барои хидматҳои шоён дар назди Ватан», Ленин, Александр Невский, Револютсияи Октябр ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Глебов Игор Алексеевич / Н. Қозиҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.