Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Игорь Владимирович Карамзин (тав. 4.12.1929, шаҳри Сталинград – ваф. 16.10.1998, шаҳри Душанбе), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1965), дотсент (1967).
Солҳои 1948–1953 дар факултети агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таҳсил кардааст. Солҳои 1954–1956 муаллими Омӯшгоҳи механиконии хоҷагии қишлоқи ноҳияи Пахтаобод, 1956–1966 ходими илмӣ, соли 1967 ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1967–1977 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1977–1979 дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе, 1979–1989 дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 1989 то рӯзҳои охирини ҳаёташ дар кафедраи роҳнамои касбии донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки дар онҳо тайёрии касбии хонандагон дар соҳаи пахтакорӣ ва масъалаҳои педагогию психологии донишҷӯёнро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990) мукофотонида шудааст.
- Пахтакорӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1963;
- Асосҳои агрономия ва механизацияи рустанипарварӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1963;
- Тайёрии касбии талабагон доир ба соҳаи пахтакорӣ, Д., 1964;
- Вопросы профессиональной подготовки студентов (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
- Индустриально-педагогическая психология. Ч. 1, 2. (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997.