Jump to content

Идигул Қосимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Идигул Қосимзода
Қосимзода Идигул Тағо
Таърихи таваллуд: 4 январ 1968(1968-01-04)
Зодгоҳ: ноҳияи Вахш, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт: 22 июл 2021(2021-07-22) (53 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Қосимзода Идигул Тағо (4 январи 1968, ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон — 22 июли 2021, Тоҷикистон) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогика, ходими давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қосимзода Идигул Тағо 4 январи 1968, ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппаро (ҳозира шаҳри Бохтарро) хатм кардааст. Ихтисос омӯзгор, доктори илмҳои педагогика.

  • 1990—1992 — Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш.
  • 1992—2003 — Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии № 51-и ноҳияи Вахш.
  • 2003—2006 — Омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
  • 2008—2015 — Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
  • 2015 — 2017 — Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
  • 2017—2020 — Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2020 то охири умр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]

Идигул Қосимзода 22 июли 2021 бар асари бемории вируси куруно, дар синни 53-солагӣ даргузашт[2].

  1. Қосимзода Идигул Тағо(тоҷ.). www.parlament.tj. 3 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2020.
  2. Даргузашти Идигул Қосимзода, вакили порлумон ва раиси собиқи Кумитаи занон дар синни 53-солагӣ. asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus (22 июли 2021). 22 июли 2021 санҷида шуд.