Jump to content

Идиократия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Идеокра́тия, идеократи́зм — табақаи мубаллиғони касбӣ, ки тавассути ВАО ба фаъолияти таблиғотиву ташвиқотӣ, ташаккул ва идораи афкори умум машғул буда, манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ-сиёсиеро ҳимоя мекунанд, ки ҳадафашон ба даст овардан ва таҳким бахшидани ҳукумати худ мебошад.

Тибқи назарияи хаёли (утопия)-и Афлотун дар бораи давлати ормонӣ, маҳз файласуфон бояд ҳоким бошанд. Дар асрҳои миёна теократия ҳамчун ҳукумати рӯҳониён ва папаҳо дар сезарпапизм ва византизм ифода ёфта буд. Дар садаи XX дар бораи технократия — ҳокимияти зиёиёни касбӣ ва табақаи мудирон сухан меронданд. Идеологияе, ки Ф. Бэкон, Э. Б. Кондиляк ва Деспот де Траси ҳамчун таълимот дар бораи ғояҳои дар рамзҳо ифодаёфта мефаҳмиданд, дар садаи XX аз ҷониби К. Маннҳейм, А. Козер, Ю. Ҳабермас, Р. Арон чун воситаи муҳимми бадастоварӣ ва ҳифзи ҳокимият пазируфта шуд. Дар байни вазифаи идеология (ҳимоя, баҳодиҳӣ, шарҳдиҳӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ) дар ҷои аввал вазифаи қонунигардонии сохтори ҷамъиятии мавҷуд ва ҳамгироии ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеа дар атрофи низоми арзишҳо ва меъёрҳои ашрофи ҳоким гузошта мешавад. Ба ҳайати ашрофи ҳоким табақаҳои ашрофи идеологӣ, кормандони дастгоҳи идеологӣ, коршиносони муносибат бо ҷомеа ва мубаллиғон дохил мешаванд.

Ҳукмронӣ дар низомҳои тоталитарии идеологияи ягона (фашизми корпоративӣ дар Итолиё, расизм дар Олмон, болшевизм дар ИҶШС) ба бунёди дастгоҳи азими таблиғотӣ, пахшкунии озодиҳои демократӣ, бо усули ҳарбӣ-политсияӣ ҷорӣ кардани ҳамфикрӣ дар кишвар, кӯшишҳои густариши идеологияи тоталитарӣ тавассути таъсиси ҳизбҳо дар дигар давлатҳо, барангехтани инқилоби ҷаҳонӣ ва мутеъгардонии тамоми ҳаёти ҷомеа ба идеологияи табақаи ҳоким вобаста аст. Мунаққидони тоталитаризм ба ҷанбаҳои гуногуни И. таваҷҷуҳ кардаанд. Мас., Ф. А. Степун соли 1926 Идеокра́тияро ҳамчун маҷбуркунии ғоявӣ ва «таҷовузи ҳаёти халқ тавассути ниҳодҳои қудратӣ» маънидод карда буд. Х. Арендт тоталитаризмро мутеъкунии ҷамъият ба давлат қаламдод кардааст, ки дар садаи XX бо ёрии ВАО ба дигаргунсозии тафаккури мардум ва «мағзшӯӣ»-и аҳолӣ машғул аст. Яккаҳокимиятӣ дар низомҳои тоталитарӣ (мас., миллатгароӣ, ки В. Клемперер дар «LTI. Забони Рейхи Севвум». М., 1998 таҳқиқ карда буд) ва монополияи идеологияи муайян шуури ҷамъиятро сахт тағйир дода, онро мунҳариф ва якнавохт мекунад. Дар садаи XX инфрасохтори пурқуввате ба монанди нашрияҳои ҳизбӣ, синамо, рӯзномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба вуҷуд омаданд. Табақаи идеологӣ бо низоми ВАО пайванд шуда, на танҳо маблағгузории имтиёзнок дарёфт кард, балки эътирофи ҳокимонро низ соҳиб шуд ва ба неруи сиёсии фаъол табдил ёфт.

Илми сиёсӣ кайҳо боз ба фоиданок будани ғояҳо ва идеологияҳо таваҷҷуҳ кардааст. Мас., К. Поппер зимни интиқод аз душманони «ҷомеаи боз»-и мардумсолор, ба ҳокимияти шуми ғояҳо, аз ҷумла ба ғояҳои пуриштибоҳу мунҳариф дар таърихи инсоният ишора карда буд. К. Фридрих таъкид мекард, ки идеология бо фаъолиятҳои сиёсӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Ю. Ҳабермас эътироф карда буд, ки идеология ҳадафҳои сиёсии худро пайгирӣ мекунад. Дар илми сиёсӣ эътироф шудааст, ки идеологҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, ашроф ва гурӯҳҳо вориди саҳна гардидаанд, вале пас аз шикасти тоталитаризм ва идеологияҳои тоталитарӣ тавонмандии И. ҳамчун ашрофи ҳоким зери шубҳа қарор гирифт. Ҳоло ақидае роиҷ аст, ки даврони идеологияҳо ба охир мерасад ва равандҳои ғайриидеологиясозӣ ва ақлонигардонии шуури ҷамъиятӣ ривоҷ меёбанд, аммо бархилофи ин идеология ҳамчун вазифаи Идеокра́тизм дар ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ, бахусус дар марҳалаи муборизаи ин ё он кишвар барои истиқлол, ҳангоме ки нақши ғояҳои умумимиллии ҳамгироӣ тақвият меёбад, эҳё шуда истодааст. Гуногунандешии сиёсӣ дар кишварҳои мардумсолор бо «бозори ғояҳо» ва таҷзияи ашрофи идеологӣ алоқаманд мебошад, ки аз якнавохтӣ ва монополия даст кашида, ба гурӯҳҳои гуногуни идеологӣ (консерваторҳо, либералҳо, «чапгароҳо», демократҳои либерал ва ғайра) тақсим мешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Новая философская энциклопедия. В 4-х томах. Т. 2. М., 2010.