Илон Маск

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Илон Маск
англ. Elon Musk
Elon Musk Royal Society.jpg
Таърихи таваллуд: 28 июн 1971(1971-06-28)[1][2][…] (49 сол)
Зодгоҳ:
Кишвар:
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Имзо: Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Commons-logo.svg Илон Маск дар Викианбор

И́лон Рив Маск[* 1] (англ. Elon Reeve Musk /ˈiːlɒn ˈmʌsk/; 28 июни 1971, Претория, ҶАҶ) — соҳибкор, ихтироъкор, муҳандис ва миллиардери амрикоӣ.

Асосгузор, ҳаммолик, директори генералӣ ва муҳандиси асосии[6] ширкати SpaceX; директори генералӣ[7] ва рӯҳбаландгардони асосии идеявии (Chief Product Architect) ширкати Tesla; ҳамчунон аъзои шӯрои директорони ширкати SolarCity, ки аз тарафи бародаронаш таъсис шуда буд, то ҳамроҳшавиаш бо Тесла, буд.

Дар рейтинги миллиардерҳо аз ҷониби маҷаллаи Форбс 27 августи соли 2020, он бо дороии 97,8 миллиард доллар дар ҷои 5-ум қарор дорад[8]. Ва дар рӯйхати сарватмандтарин одамони ҷаҳон аз рӯи маълумоти Bloomberg то 1 сентябри соли 2020, Илон Маск бо дороии 115 миллиард доллар дар ҷои сеюм аст[9].

Барои хидмати барҷастааш дар соҳаи илм, 9 майи соли 2018, ба ӯ узвияти Ҷамъияти Шоҳигарии Лондон сарфароз гардид[10][11].

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои аввал[вироиш]

28 июни 1971 дар Претория (Африқои Ҷанубӣ) оилаи муҳандис Эррол Маск ва ҳамсараш, модел Мэй Маск (ҳанг. тав. Ҳалдеман) таваллуд шуд. Волидон ба ӯ номи бобокалонаш Ҷон Илон Ҳалдеманро додаанд, ки соли 1872 таваллуд шудааст [12]. Халдеманҳо — аҷдодонаш аз тарафи модараш - немисҳои швейтсариягӣ мебошанд. Онҳо аз Аврупо ба Ню-Йорк ҳангоми Ҷанг барои истиқлолияти ИМА ҳиҷрат бастанд, баъдан дар натиҷа ба минтақаи Ғарби Миёна сафар кардаанд. Соли 1948 бобои Маск Ҷошуа Норман Халдеман бо конодоие, муаллимаи рақс Уиннифред Ҷозефин Флетчер (Уин) издивоҷ кард. Дар ҳамон сол онҳо соҳиби ду духтари дугоник Кэй ва Мэй (модари Маск) шуданд. Бобои Маск сарнишин буд, ва дар ҳавопаймои якмуҳаррикаи худ бо оилааш дар Амрикои Шимолӣ сафар мекард. Дар соли 1950 оилаашон аз Канада ба Африқои Ҷанубӣ мекӯчанд, ки дар онҷо Мэй дар 15-солагиаш ба мактаби муделӣ дохил мешавад ва аксгириро барои маҷаллаҳо оғоз мекунад. Ӯ ҳатто соҳиби ҷоизаи «Бонуи Африқои Ҷанубӣ» мешавад.

Маск ва Барак Обама (2010)

Мэй ва шавҳари ояндааш Эррол Маск, падари Илон, якҷоя дар як ноҳия калон шудаанд. [13]. Эррол чун муҳандис-сохтмончӣ кор мекард, Мэй бошад диетологи таҷрибаомӯз буд.

Илон соҳиби додар бо номи Кимбал[en] ва хоҳар Тоска аст.

Кӯдак хап калон шуд, китобхониро дӯст медошт, ва, ки соҳиби хотираи аксӣ дошт, ду донишномаро хонда "ҳамадон" гашт. Дар мактаб таҳти зӯроварӣ аз тарафи ҳамсинфонаш гирифтор мешуд; баъди як даргирӣ ӯ маҷбур шуд, бинии шикастаашро барқарор кунад[14]. Волидонаш ҷудо шуданд, модараш бо фарзандонаш ба Дурбан рафтанд, аммо баъди чанд сол Илон бо падараш зистанро афзал донист ва ба наздаш ба Кимбал омад. Эррол — шахси сахт, душвор аст ва бо ӯ зистан хеле душвор буд, аммо писаронаш аз ӯ чизи бисёре омӯхт. Онҳо ба падараш дар корҳояш: кирпичмонӣ, корҳои сантехникӣ, тирезачаспонӣ, корҳои электробарқӣ кӯмак мекарданд. [15].

Дар синни даҳсолагӣ Илон чун тӯҳфа, соҳиби компютери нахустини худ, Commodore VIC-20 шуд ва барномасозиро дар он ёд гирифт. Дар синни нуздаҳ ӯ бо нархи 500 доллар аввалин барномаи худ - видеобозиро дар усули Space Invaders бо номи Blastar фурӯхт[16], ки дар он қаҳрамон бо аҷнабиҳо мубориза мебурд[17].

Маск ба ширкатҳои дорусозӣ саҳмгузорӣ мекард, ки аз ҳолаташон бо рӯзномаҳо хабардор мешуд ва огаҳӣ меёфт. Бо пулҳои коркарда бар хилофи хостаҳои волидонаш ба Канада сафар кард[17]. То дохилшавӣ ба донишгоҳ ӯ дар назди хешовандонаш дар шаҳри Кингстон, вилояти Онтарио мезист. Ба донишгоҳи Куинс дар Кингстон дохил шуд (солҳои таҳсил 1989 - 1991). Баъдан ба Донишгоҳи Пенсилвания, барои омӯзиши физика ва бизнес гузашт. Соҳиби дараҷаи бакалаври иқтисод ва бакалаври физика гашт[18][19]. Соли 1995 ба донишгоҳи Стэнфорд, барои соҳибшудани PhD дар физикаи таҷрибавӣ ва маводомӯзӣ, дохил шуд. Аммо вақти дохилшавиаш бо интернет-бум рост омад, ва ӯ Стэнфордро баъди 2 рӯз тарк кард, то дар вай иштирок кунад, ширкати худ, Zip2 Corporation-ро таъсисдода[14][20].

Зиндагии шахсӣ[вироиш]

Аввалин ҳамчараш, Жюстин Уилсон, ҳамроҳаш дар як донишгоҳ дар Канада таҳсил мекард. Онҳо соли 2000 издивоҷ карданд ва соҳиби панҷ фарзанд мебошанд[21].

Сентябри 2008 Илон ва Жюстин дар бораи нияти қатъ кардани робитаҳояшон хабар доданд. Сабаб дар он буд, ки Маск бо актрисаи бритониёӣ Талула Райлӣ робитаро оғоз карда буд. Онҳо соли 2020 издивоҷ карданд.[22]. Соли 2012 Маск ва Райлӣ ҷудо шуданд, аммо боз дар соли 2013 якҷо шуданд. Дар марти соли 2016 онҳо ариза барои ҷудошавӣ дархост карданд[23], ки дар моҳи октябри ҳамон сол баргузор гардид[24].

Илон Маск тасдиқ кард, ки мушкилоти хоб дорад ва аз ҳабҳои хобоварти «Эмбиен» (золпидем)[25][26] истифода мебарад.

Тӯли як сол бо ҳунарпеша Эмбер Херд вомехӯрд, ва сабаби қатъи робитаҳояш бо ӯро дар Инстаграм, дар графикҳои зиёди корӣ ва мушкилоти масофавӣ медонад, аммо қайд кард, ки ӯ ва Херд дӯст боқӣ мемонанд[27].

Дар моҳи феврали 2020 шавҳари пешинаи Эмбер Херд, Ҷоннӣ Депп Хердро дар хиёнат бо Маск баъди як моҳи издивоҷаш бо ӯ, айбдор кард. Далелҳои ташрифи Маск ба пентхауси Херд хеле зиёд аст[28].

Аз соли 2018 бо сарояндаи конодоӣ, Клэр Блуше, ки чун Граймс машҳур аст, робита дорад[29]. Дар моҳи январи соли 2020 Граймс тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо кӯдаки аввалро интизоранд. Граймс гуфт, ки кӯдак худаш метавонад гендерашро (ҷинсашро) интихоб кунад[30]. Кӯдак 4 майи 2020 таваллуд шуд ва номаш «X Æ A-12» аст, аммо дар Калифорния ин ғайриқонунӣ аст, чунки дар ном ҳарфе аст, ки дар забони англисӣ вуҷуд надорад (Æ)[31]. Транскрипсияаш – «Экс Эш Эй-Твелв».

Додари хурдиаш, Кимбал, ресторатор ва адептори муваффақи маҳсулоти кишоварзӣ аст, хоҳараш бошад, Тоска, ба коргардонии филмҳо машғул аст. Мэй Маск, модари Илон низ яке аз шахсиятҳои машҳур, модел, лектор ва диетологи муваффақ мебошад.

Сиёсат[вироиш]

Дар моҳи декабри соли 2016 ба ҳайати Форуми рушд ва сиёсати президентии[en] назди президенти ИМА Доналде Трамп дохил шуд, — гурӯҳи 16 нафараи соҳибикорон, ки масъалаашон маслиҳатдиҳӣ ба 45-ум президенти ИМА оид ба саволҳои рушди иқтисод, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва баландкунии сифати истеҳсолот мебошад[32][33], аммо дар соли 2017 вобаста ба иштироки Трамп дар баромади ИМА аз шартномаи Париж чун протест аз форум даст кашид[34][35].

Филм[вироиш]

Тибқи гуфтаи Ҷон Фавр, коргардони «Одами Оҳанин» (2008), Илон Маск ҳамчун илҳомбахш барои филми ҷисми Тони Старк, дар нақши Роберт Дауни хурдӣ хизмат кардааст[36][37] [38].

Илон Маск дар 26 фасли 12 серияи Симпсонҳо, ки 25 январи соли 2015 аз ба нашр баромад, камоэро овоз дод[39][40].

Дар серияи 9-и мавсими 9-уми «Назарияи Таркиши Бузург» вай камо месозад[41].

Соли 2017, ӯ дар мазҳакаи « Чаро ӯ» нақш бозидааст. "Дар нақши худаш бозидааст[42][43].

Дар соли 2016, Маск дар сериали Марс (2016) ҳамчун дар нақши худаш зоҳир шуд. * Tesla

Соли 2010 Маск дар филми " Одами оҳанин 2 " дар нақши худи ӯ баромад кард (мувофиқи сюжет, Илон дӯсти Тони Старк аст). Дар соли 2013, ӯ инчунин дар як қисмати филми Machete мекушад бозид. Маск дар байни тамошобиноне дида мешавад, ки ба муаррифии зеҳни сунъӣ дар филми илмии фантастикии " Superiority " (2014, соати 00: 07: 39-41) омадааст ва номи ӯ дар эътибор аст[44].

Ҷоизаҳо[вироиш]

  • Соли 2008 маҷаллаи Esquire Маскро ба рӯйхати 75 нафар шахсони бонуфузи асри 21 дохил кард[45].
  • Дар моҳи июни соли 2011, ба ӯ ҷоизаи Хайнлайн барои тиҷорикунонии кайҳон 500 ҳазор. Доллари ИМА супорида шуд[46].
  • Дар моҳи феврали ҳамон сол маҷаллаи Форбс Маскро ба рӯйхати 20 роҳбарони бонуфузи амрикоӣ дар синни то чил шомил кард.[47]
  • Моҳи ноябри соли 2013 маҷаллаи Fortune ӯро Соҳибкори сол ва The Wall Street Journal Маскро Директори сол интихоб карданд.[48]

Эзоҳ[вироиш]

  1. https://www.biography.com/people/elon-musk-20837159
  2. Munzinger Archiv — 1913.
  3. Энциклопедия Брокгауз
  4. https://www.esquire.com/news-politics/a16681/elon-musk-interview-1212/
  5. http://uk.businessinsider.com/tesla-the-origin-story-2014-10
  6. Shanklin, Emily. Elon Musk(англ.), SpaceX (27 March 2017). Проверено 20 июли 2017.
  7. Совет директоров Tesla возглавила менеджер из Австралии. Её взяли на замену отстранённому Илону Маску, Meduza (8 ноябри 2018). Проверено 8 ноябри 2018.
  8. Real Time Billionaires(англ.). Forbes. 24 июли 2020 санҷида шуд.
  9. Маск стал третьим в списке богатейших людей мира по версии Bloomberg(рус.). www.kommersant.ru (1 сентябри 2020). 1 сентябри 2020 санҷида шуд.
  10. Илон Маск стал членом Лондонского королевского общества по развитию знаний о природе, ТАСС (9 май 2018). Проверено 27 октябри 2018.
  11. Elon Musk(англ.).
  12. Эшли Вэнс, 2016, с. 26.
  13. Эшли Вэнс, 2016, с. 31.
  14. 14.0 14.1 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи econ_5_July_2015 ворид нашудааст
  15. Эшли Вэнс, 2016, с. 36.
  16. Sean O'Kane. Play the PC game Elon Musk wrote as a pre-teen. The Verge (9 июни 2015). 3 июни 2017 санҷида шуд.
  17. 17.0 17.1 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи musk-vedomosti-2013 ворид нашудааст
  18. Hull, Dana. Timeline: Elon Musk's accomplishments (11 апрели 2014). Проверено 11 июни 2015.
  19. Zanerhaft, Jaron Elon Musk: Patriarchs and Prodigies. CSQ. C-Suite Quarterly (2013). 11 июни 2015 санҷида шуд.
  20. Elon Musk. Biography. 3 ноябри 2018 санҷида шуд.
  21. "Elon Musk: Triumph of His Will".
  22. St Trinians star Talulah Riley marries internet millionaire in fairytale Highland wedding(пайванди дастнорас — таърих). 15 май 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 май 2013.
  23. Илон Маск подал на развод со своей британской супругой, РБК (22 марти 2016). Проверено 23 марти 2016.
  24. Elon Musk and Talulah Riley reach divorce settlement, tv3.ie, 21 октября 2016 г.
  25. Илон Маск рассказал об усталости и проблемах со здоровьем, РБК (2018-17-08). Проверено 9 июни 2018.
  26. Elon Musk Details ‘Excruciating’ Personal Toll of Tesla Turmoil(англ.), The New York Times (2018-17-08). Проверено 9 июли 2018.
  27. Илон Маск прокомментировал расставание с Эмбер Херд(рус.). PEOPLETALK (8 августи 2017). 23 феврали 2020 санҷида шуд.
  28. Megan Sheets. Elon Musk asked to turn over texts to Amber Heard in Johnny Depp case. Mail Online (9 октябри 2019). 23 феврали 2020 санҷида шуд.
  29. Vogue в Instagram: «@elonmusk and @grimes took a spin in the Greek and Roman galleries after dancing to @madonna’s legendary surprise performance. #metgala…»(англ.). Instagram. Vogue (9 May 2018). 6 июни 2020 санҷида шуд.
  30. Беременная девушка Илона Маска разрешит ребенку выбрать себе пол (23 феврали 2020). Проверено 23 феврали 2020.
  31. What Does Elon Musk and Grimes’ Baby Name Actually Mean?(англ.), Slate Magazine (5 May 2020). Проверено 5 май 2020.
  32. Трамп назначил Илона Маска советником по экономике. lenta.ru. 2 августи 2020 санҷида шуд.
  33. Elon Musk, Uber CEO to join Trump’s ‘strategic and policy forum’ Forum will meet to give Trump input on economy(англ.). MarketWatch.Com. MarketWatch, Inc. (14 December 2017). 2 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 феврали 2017.
  34. US quits Paris climate pact: Reaction from around the world following the US president's decision on the Paris accord. Проверено 1 июни 2017.
  35. Deutsche Welle (www.dw.com). Маск отказался быть советником Трампа после выхода из Парижского соглашения | DW | 01.06.2017(рус.). DW.COM. 2 августи 2020 санҷида шуд.
  36. Elon Musk - The 2010 TIME 100 - TIME(пайванди дастнорас — таърих). Time (29 апрели 2010). 7 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2012.
  37. Elon Musk's Guide to the Galaxy(пайванди дастнорас — таърих). Inc. (1 октябри 2010). 8 октябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2012.
  38. Chang, 2010.
  39. The Simpsons — The Musk Who Fell to Earth (TV Episode 2015) IMDb
  40. Elon Musk takes on LISA SIMPSON: SpaceX CEO responds to character’s quip and explains why his gas guzzling rockets will never be 'green' Daily Mail
  41. «The Big Bang Theory» The Platonic Permutation (TV Episode 2015) IMDb
  42. Why Him?: Film Review(англ.)
  43. Why Him? Full Cast & Crew IMDb(англ.)
  44. Elon Musk(англ.). imdb.com. 17 марти 2015 санҷида шуд.
  45. Elon Musk - Esquire(пайванди дастнорас — таърих). Esquire (1 октябри 2008). 15 май 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2012.
  46. Heinlein Prize Honors Elon Musk of SpaceX(пайванди дастнорас — таърих). 23 июни 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2012.
  47. America's 20 Most Powerful CEOs 40 And Under(пайванди дастнорас — таърих). Forbes. 18 феврали 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2012.
  48. Jonathan Welsh. Tesla’s Elon Musk is Fortune Businessperson of the Year(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). The Wall Street Journal (21 November 2013). 13 январи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 январи 2014.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "*", but no corresponding <references group="*"/> tag was found