Имомёрбек Қаландарбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Имомёрбек Қаландарбеков
Таърихи таваллуд: 21 январ 1956(1956-01-21) (66 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Рож, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Институти политехникии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф

Имомёрбек Қаландарбеков (21 январи 1955, деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон) — доктори илмҳои техникӣ (2008), профессор (2009). Узви вобастаи Академияи инженерии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаландарбеков Имомёрбек 21 январи соли 1955 дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1972 ба факултети сохтмони саноат ва граждании Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1977 бо муваффақият хатм намуд[1].

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти педагогӣ ва илмиаш баъди хатми институт оғоз ёфтааст. Ӯ солҳои 1977—1980 ассистенти кафедраи конструксияҳои оҳану бетони Институти политехникии Тоҷикистон, солҳои 1980—1981 коромӯз-тадқиқотчӣ ва солҳои 1981—1985 аспиранти Институти инженерию бинокории шаҳри Москва ба номи В. В. Куйбишев буд. Соли 1980 дар Институти инженерию бинокории шаҳри Москва ба номи В. В. Куйбишев рисолаи номзадиашро дифоъ кард. Минбаъд, солҳои 1985—1988 муаллими калон ва солҳои 1988—1993 дотсенти кафедраи конструксияҳои оҳану бетони Институти политехникии Тоҷикистон, солҳои 1993—1996 сардори шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев, солҳои 1996—2000 мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ, солҳои 2000—2001 ҳамзамон проректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, тиҷоратӣ ва тарбия, солҳои 2001 −2002 проректор оид ба корҳои таълим ва тарбия, солҳои 2002—2012 проректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев буд.

Дар солҳои 2012—2014 ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев буд.

Имомёрбек Қаландарбеков 14 сентябри соли 2013 аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Имомёрбек Қаландарбеков бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2001) ва ордени «Шараф» дараҷаи II (соли 2004) мукофотонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]