Ином Норматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ином Норматов
Ином Шерович Норматов
Таърихи таваллуд 25 июн 1958(1958-06-25) (65 сол)
Зодгоҳ шаҳри Истаравшан
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё ва физика
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор, узви вобастаи АИ ҶТ
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Роҳбари илмӣ академик Улмас Мирсаидов
Ҷоизаҳо Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ином Норматов (Норматов Ином Шерович; 25 июни 1958; шаҳри Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон) — кимиёшинос, доктори илми кимиё (1993), профессор (2001), узви вобастаи АИ ҶТ (2004).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Норматов Ином Шерович соли 1980 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро аз рӯи ихтисоси «физика» ба поён расонидааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар риштаи аспирантура ба Институти физикаи ҷисмҳои сахти АИ ИҶШС фиристода шуда, ин маркази бонуфузи илмиро соли 1984 ба итмом мерасонад. Ином Норматов натиҷаҳои дар заминаи тадқиқотҳои чандинсола бадастовардаашро дар мавзӯи «Тадқиқи нақши атомҳои гидроген дар ҳосил кардани гидридҳои тунук, пардаҳои сулфидӣ ва хокаҳои дисперсионии баланд» ҷамъбаст намуда, соли 1993 дар Институти кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи ихтисоси 02.00.04 - химияи физикӣ рисолаи докториро дифоъ кард ва ба гирифтани унвони доктори илмҳои кимиё сарфароз гардид. Соли 2001 ба дарёфти унвони илмии профессорӣ мушарраф гардида, соли 2004 аз рӯи ихтисоси физика узви вобастаи АИ ҶТ интихоб гардид. Дар вазифаҳои мудири озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ (1989-2001), мудири Шуъбаи масъалаҳои оби АИ ҶТ (2001-2002), директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ (2002-2009), сарходими илмии озмоишгоҳи тозакунии оби ҳамин институт (2009 – то имрӯз), профессори кафедраи усулҳои таълими физикаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2015) ва мудири кафедраи метеорология ва климатологияи донишгоҳи мазкур (2015 – то имрӯз) фаъолият кардааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи физикӣ, коркарди усулҳои муосири тасфияи обҳои табиӣ ва ҷорӣ, идораи ҳамгироии захираҳои об ва роҳҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об. Ба қалами профессор Норматов И.Ш. зиёда аз 600 мақолоти илмӣ ва 4 монография тааллуқ дорад ва муаллифи 15 шаҳодатномаи ихтироотӣ (патент) мебошад. Дар симпозиуму конфронсҳои мухталифи илмии байналхалқӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Таиланд, Чин, Ҷопон, ИМА, Олмон ва Швейтсария баргузор гардидаанд, иштирок ва суханронӣ намудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.