Jump to content

Иноят Насруддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Иноят Насриддин)
Иноят Насруддин

Иноят Насруддин (Иноят Насриддинов; 15 феврали 1946, ноҳияи Бойсун, вилояти Сурхондарё, ҶШС Узбакистон — 2 августи 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, нависанда ва дромнависи тоҷик. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1990). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иноят Насруддин 15 феврали соли 1946 дар рустои Посурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба дунё омадааст[2]. Соли 1967 факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии шахри Душанберо хатм намуда, дар Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик ба фаъолият пардохтааст, аз муҳаррири хурд то сармуҳаррири идораи барномаҳои адабию бадеии радио ва телевизион расидааст. Аз соли 1992 то поёни умр (соли 2010) сармутахассиси раёсати фарҳанг ва ҳунари Вазорати фарҳанги Точикистон буд. Аз ташкилкунандагони фаъоли чорабиниҳои муҳими фарҳангии ҷумҳуриявии «Андалеб» ва «Парасту» буд[3].

Муаллифи беш аз даҳ китобу маҷмӯаи очерку мақола ва қиссаҳо мебошад, ки тарзи рӯзгордории мардуми деҳот ва мушкилоташонро инъикос менамоянд. Драмаҳои «Марги ду тан», «Қотили ҷонҳо», «Як рӯзи хазонрез», бисёр пйесаҳои якпардагӣ навиштааст, ки дар театрҳои касбӣ ва халқии ҷумҳурӣ рӯйи саҳна рафтаанд[3].

«Шафақи нав», «Як рӯз ва ҳар рӯз» ва «Арзиши ҳаёт»[4] ановини бархе аз китобҳоест, ки аз Иноят Насриддинов ба мерос мондаанд.

Иноят Насруддин рӯзи 2 августи 2010 дар асари сактаи қалбӣ дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[5].

  • «Асарҳои мунтахаб»;
  • Румони «Саъди падар»;
  • «Тулӯъи офтоб»;
  • «Як рӯзу хазонрез»;
  • «Мероси бобоӣ»;
  • «Рӯзи эҷодӣ» (танзе аз рӯзгори удабою вузаро, ҳаҷвияҳо);
  • Филмномаи «Чароғи ҳидоят» (филми бадеӣ-публитсисти ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам).
  1. НАСРИДДИНОВ Иноят. centrasia.org. ЦентрАзия. 2 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Саттор Турсун: Иноят Насриддин ҳалолкор буд, дили беғубор дошт.... old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (10 Январ 2016). 2 феврали 2023 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  4. Насриддинов, Иноят (1989). Цена жизни: Рассказы. Душанбе: Адиб. ISBN 978-5-8362-0010-7. 
  5. Иноят Насриддинов даргузашт(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (2 августи 2010). 2 феврали 2023 санҷида шуд.