Институти Ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти Ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

(ИВАИКТ)
Номи пешина Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва ветеринарӣ (1956)
Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон (1961)
Таъсис 1956
Директор Р. А. Тураев
Макон  Тоҷикистон, Душанбе
Нишонии ҳуқуқӣ 734005, шаҳри Душанбе, кӯч. Қаҳҳоров, 43,
(+992 37) 221-51-92
Вебгоҳ www.instveterinari.tj

Институти Ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон — институти илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаи чорводорӣ.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти ветеринарии АИКТ аз соли 1943 ҳамчун озмоишгоҳи ветеринарӣ таъсис ёфта, соли 1956 ба Институти чорводорӣ ҳамроҳ карда шудааст ва номи Институти илмӣ-тадқиқотии чорводорӣ ва ветеринариро гирифтааст. Аз соли 1961 ҳамчун Институти илмӣ- тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008 рақами № 215 Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар институт 5 озмоишгоҳ ва 1 шуъба фаъолият менамояд: озмоишгоҳи вирусология, озмоишгоҳи биотехнологияи маводи ветеринарӣ, озмоишгоҳи экспертизаи санитарию ветеринарӣ ва экология, озмоишгоҳи касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ, озмоишгоҳи касалиҳои микобактериозии ҳайвонот, шуъбаи паразитология.

Айни замон дар Институти ветеринарӣ 83 нафар корманд кору фаъолият дорад, ки 48 нафари онҳо ходимони илм мебошанд. Аз он ҷумла 6 нафар доктори илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ, 10 нафар номзади илмҳои ветеринарӣ буда, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва роҳбарии мавзӯъҳои илмиро ба уҳда доранд[1].

  • Озмоишгоҳи вирусология;
  • Озмоишгоҳи биотехнологияи маводи ветеринарӣ;
  • Озмоищгоҳи касалиҳои паранда, занбури асал ва моҳӣ;
  • Озмоишгоҳи касалиҳои микобактериозии ҳайвонот;
  • Озмоишгоҳи экспертизаи ветеринарию санитарӣ;
  • Шуъбаи паразитология;
  • Қисми хоҷагӣ;
  • Қисми ғизоӣ.

Дар тули давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятии ҳайвоноти кишоварзӣ ба дастовардҳои зерин ноил гаштаанд:

  1. Зиёда аз 85 дастуру тавсиянома ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ доир ба истеҳсоли ваксина, маводи табобатӣ ва тарзи истифода бурдани онҳо тарҳрезӣ шуданд.
  2. Бо дар назардошти ихтироъ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ олимони институт 45 патент, 5 қарори мусбӣ ва 4 гувоҳномаи пешниҳоди беҳсозӣ аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот гирифтаанд.
  3. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба пешгирии касалиҳои сироятии чорво 9 намуди ваксинаҳо ихтироъ карда шуданд.
  4. Барои муолиҷаи касалиҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ зиёда аз 23 намуди дору кор карда бароварда шудааст.
  5. Дар ин давра 15 нафар олимони институт ҳимояи рисолаи докторӣ намудаанд.
  6. Дифои рисолаи номзадӣ 13 нафарро ташкил медиҳад.
  7. Олимони институт аз натиҷаи корҳои илмӣ зиёда аз 500 мақола аз чоп бароварданд.
  8. Инчунин 8 китоб аз чоп бароварда шуд.
  9. Дастовардҳои илмӣ дар тамоми хоҷагиҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии ҷумҳурӣ татбиқ карда шудаанд.
  10. Дар ин давра як зумра олимон — академики АИКТ д.и.в. профессор Иззатулло Сатторӣ., академики АИКТ, д.и.в. профессор Мирзоев Д. М., докторони илмҳои ветеринарӣ: Нораев Р., Муминов А., Ҳабибов А., Асоев П., Салимов Т. М., ва номзадҳои илмҳои ветеринарӣ Тураев Р. А., Маҳмудов К. Б., Сатторов С. Ф., Одинаев Қ.А., Негматов А. А., Давлатов Х. О., Юсупов Ҳ.А., Ҳасанов Ф. Д., Назруллозода С.Ҳ. дар рушди илми тибби ветеринарӣ саҳми сазовор гузоштанд[1].

Директорон[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳбарии институтро олимони барҷастаи илми тибби ветеринарӣ аз соли 1991 то 1993 академики АИКТ, д.и.в., профессор Мустакимов А. Г., аз соли 1994 то 2005 академики АИКТ, д.и.в., профессор Иззатулло Сатторӣ, аз соли 2005 то 2014 академики АИКТ, д.и.в., профессор Мирзоев Д. М. ба уҳда доштанд. Аз соли 2014 то 2017 н.и.в. Маҳмудов К. Б. ва аз соли 2017 сарварии институтро н.и.в. Тураев Р. А. ба уҳда дорад.

  • Директорони институт аз давраи таъсисёбӣ
  • 1943 — Осипян М. Ш.
  • 1944 — Синельников Г. П.
  • 1947 — Денисенко И. Ф.
  • 1955 — Заикин Д.
  • 1959 — Фарсыханов С.
  • 1961 — Онуфриев В. П.
  • 1963 — Пустовой И. Ф.
  • 1984 — Белкин Б. Л.
  • 1988 — Мустакимов Р. Г.
  • 1994 — Сатторов И. Т.
  • 2005 — Мирзоев Д. М.
  • 2014 — Маҳмудов К. Б.
  • 2017- Тураев Р. А.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • instveterinari.tj — вебгоҳи расмии Институти Ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон