Иззатулло Сатторӣ
аз 30 марти 2016 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Маҳмадтоир Зокирзода |
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
|
|
6 декабри 2013 — 30 марти 2016 | |
Пешгузашта | Ҳукматулло Аҳмадов |
Ҷонишин | Нуралӣ Асозода |
|
|
Таваллуд |
24 декабр 1957 (66 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Сатторов Изатулло Табарович |
Дараҷаи илмӣ | доктори илм |
Изатулло Сатторӣ (Сатторов Изатулло Табарович; 24 декабри 1957, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — донишманди ветеринар, доктори илмҳои ветеринарӣ профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон[1]. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2016)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Иззатулло Сатторӣ 24 декабри соли 1957 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1978 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури тибби ветеринарӣ хатм кардааст[2]. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро соли 1978 ба ҳайси ассистенти кафедраи зоогигиена ва асосҳои ветеринарии факултаи ветеринарии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оғоз намудааст.
Солҳои 1984—1994 ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳ ва аз соли 1994 то соли 2005 ба ҳайси директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2005 то соли 2013 ба ҳайси ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кор кардааст.
Солҳои 2013—2016 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст[2].
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 658 аз 30 марти соли 2016 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст[3].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Изатулло Сатторӣ соли 1984 дар Институти ветеринарии шаҳри Маскав ҳифзи рисолаи номзадӣ ва соли 1995 ҳифзи рисолаи докторӣ намуда, ба унвонҳои профессор (2001) Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2001) ва профессори фахрии Донишгоҳҳои аграрии Россия, Қазоқистон, Арманистон, Чин (2008—2010) сазовор гаштааст.
Муаллифи беш аз 220 китобу мақола ва дастурамал оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Навигариҳои илмӣ бо 16 патент тасдиқ шудааст. Бо роҳбарии ӯ 14 номзаду докторҳои илм тайёр гардидааст[4].
Мукофоту медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дастовардҳои илмӣ ӯ бо медали тилои моликияти зеҳнӣ (2005) ва Ҷоизаи байналхалқии ба номи Суқроти Донишгоҳи Кембриҷи Англия (2007) қадрдонӣ гардидааст. Бо ордени «Шараф» (1999) сазовор шудааст[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 САТТОРӢ Иззатулло(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. 16 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин намудани Изатулло Сатторӣ(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. 16 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Сатторӣ И.(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. www.president.tj. 16 феврали 2018 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Вазири кишоварзии Тоҷикистон. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. http://moa.tj.+16 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2018.