Хиёбони Рӯдакӣ
Хиёбони Рӯдакӣ — калонтарин хиёбони марказии шаҳри Душанбе мебошад, ки аз шимол то ҷануб дар масофаи 11 км тӯл кашидааст. Хиёбон аз макони воҳидҳои маъмурии ноҳияи Исмоилӣ сомонӣ ва ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мегузарад.
Дар ин хиёбон биноҳои маъмуриву фарҳангии зиёде ҷойгиранд, аз қабили бинои Ҳукумати шаҳри Душанбе, Майдони "Дӯстӣ" (собиқ майдони ба номи Ленин ва «Озодӣ»), Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, вазоратҳои саноат, корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ, вокзали роҳи оҳани шаҳри Душанбе, бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бинои асосии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, якчанд театрҳо, гулгаштҳо ва дигарҳо ҷойгиранд.[1].
Муассисаҳои театрӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
- Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский
- Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
Боғу гулгаштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боғи А. Рӯдакӣ
- Боғи фароғат ва истироҳати ба номи С. Айнӣ
- Гулбоғи ба номи В. Куйбышев (Душанбе)
- Гулбоғи «Бӯстон»
- Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо
Нигораҳои хиёбон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Палатаи ҳисоб
-
Меъмории солҳои 1960 дар хиёбони Рӯдакӣ
-
Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
Роҳи оҳани Душанбе
-
Хиёбони Рӯдакӣ
-
Ҳукумати Душанбе
-
Чойхонаи Роҳат
-
Хиёбони Рӯдакӣ
-
Хиёбони Рӯдакӣ шабона
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. 22 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июли 2013.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |