Jump to content

Ироқ (мақом)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ироқ (мақом) – номи наво, парда, тарона дар мусиқии мардумони Ховар; Мақоми шашум дар маҷмуъи «Дувоздаҳмақом» ва доираи 71 дар табақоти адвори маъмула буда, тартиби қаторовозҳои Ироқро дар пардаҳои сози уд ба тариқи зайл истихроҷ намудаанд:

А + Ҷ + В + Ҳ + Й + ИҶ + ЙҲ + ЙҲ

Мақоми шашум дар маҷмӯъи «Шашмақом». Мақоми Ироқ аз шохаҳои созию (мушкилот) ва овозӣ (наср) таркиб ёфтааст. Шохаи созии Ироқ иборат аз «Тасниф», «Тарҷеъ», «Мухаммас», «Сақили якуму» дуввум, «Сақили калон» аст. Шохаи овозии (насрӣ) Ироқ аз «Сарахбор» (бо таронаҳои 1-6), Муҳайяри Ироқ, «Чанбари Ироқ» ва «Уфари Ироқ» таркиб ёфтааст. Дар мақомҳои хоразмӣ «Тасниф»-ро мақоми «Ироқ» ва ё тани мақом меноманд. Ба ҷои баъзе шохаҳо «Пешрав»-у «Уфар» меоянд.

Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1958; Фарҳан-ги форсӣ, Теҳрон, 1961; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1968; Абдулқодири Мароғӣ, Мақосиду-л-алҳон, Теҳрон, 1356; Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, таҳия ва таҳқиқи Аскаралӣ Раҷабов, Душ., 1987; Ражабов И. Мақомлар масаласига доир, Тош.-т, 1963; Мусиқӣ луғати,Тош.-т, 1987; Ражабов И. Мақом асослари, Тош.-т, 1992.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3