Исматулло Холиқов
Таърихи таваллуд | 21 июн 1960 (64 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон, оҳангсоз |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2024) |
Исматулло Холиқов (зод. 21 июни 1960, ноҳияи Колхозобод) — овозхон ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2024)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1981 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро ба охир расонда, муддате дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Айнӣ ба сифати сароянда кор кардааст. Солҳои 1982—1992 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Қурғонтеппа фаъолият намуда, маҳорати сарояндагӣ ва оҳангсозиашро такмил бахшидааст. Аз соли 1993 дар дастаҳои ҳунарӣ (аз ҷумла дастаи эстрадии «Гулшан»)-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба ҳайси сароянда ва роҳбари бадеӣ хидмат ба ҷой овардааст.
Таронаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]«Дидам санаме», «Холакат дона-дона», «Табассум кун», «Харидори туям», «Магзор, ки дунё бигзарад», «Сафое надорад», «Чашми пурхумор», «Биё баҳор омада», «Нигаҳбонат худо бодо», «Майда-майда», «Вахши ман», «Оташи меҳр», «Тӯёна», «Чашми туст», «Зиндагӣ», «Лолаи навбаҳор», «Гуле будӣ», «Гули ман», «Баҳори дил», «Шитоби зиндагӣ», «Ёри хушандом» аз зумраи беҳтарин таронаҳои ӯ мебошанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исматулло Холиқов, «Чашмаи меҳр»[2]. Д., 2024.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.(тоҷ.). Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 августи 2024). 29 августи 2024 санҷида шуд.
- ↑ Дар Душанбе китоби «Чашмаи меҳр»-и Исматулло Холиқов рӯнамоӣ гардид. АМИТ "Ховар" (6 марти 2024). 29 августи 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.