Исроил Исмоилов (физикдон)
Исроил Исмоилов | |
Таърихи таваллуд | 27 октябр 1939 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 28 март 2016 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ |
Ҷоизаҳо | , Корманди шоистаи Тоҷикистон, «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1996) |
Исроил Исмоилов (27 октябри 1939, Самарқанд — 28 марти 2016, Душанбе) — физикдон, доктори илмҳои физика ва математика (1981), профессор (1984), узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1993), «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Исроил Исмоилов 27 октябри соли 1939 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоиро хатм намуда, ба сифати муҳандис -таҳқиқотчӣ ба шаҳри Новосибирск ба кор фиристода шуда, то соли 1963 дар он ҷо фаъолият намудааст. Аз соли 1963 Исроил Исмоилов дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар институт фаъолияти кориашро аз ходими хурди илмӣ сар карда, то ба мудири лаборатория расидааст. Ба фаъолияти илмӣ аз соли 1965, аз лаҳзаи дохил шудан ба аспирантураи Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АИ ИҶШС дар лабораторияи радиофизикаи квантӣ, зери роҳбарии физики барҷастаи замони муосир, дорандаи мукофоти Ленинӣ ва ҷоизаи Нобелӣ Н. Г. Басов шурӯъ кардааст. Исроил Исмоилов 28 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1968 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Полупроводниковые квантовые генераторы на основе соединений А3В5 и их твердых растворов» ҳимоя карда, аз соли 1969 дар институт ба корҳои илмӣ ва ташкилотӣ фаъолона машғул мешавад ва лабораторияи «Электроникаи квантӣ»-ро таъсис дода, роҳбарии онро ба зимма гирифтааст. Рисолаи докториро Исроил Исмоилович соли 1981 дар мавзӯи «Лазерное излучение и люминесценция фосфида индия и твердых растворов на его основе» дар Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АИ ИҶШС ҳимоя кардааст. Корҳои илмии Исроил Исмоилов асосан ба таҳқиқ ва коркарди лазерҳои нимноқилӣ дар кристаллҳои якҷинса бо таъсири нуравшонӣ дар майдони магнитӣ бахшида шуда, дар тӯли фаъолияти илмиаш зиёда аз 170 мақола, аз он ҷумла 5 монография ба чоп расонидааст. Исроил Исмоилов ҳамчун олими барҷаста ва устоди боҳиммат дар самти тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ саҳми беандоза гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Барои меҳнати шоён»,
- Медали «Ветерани меҳнат»
- «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1996),
- Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- Барои хидматҳои шоён дар назди ватану миллат Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Исмоиловро бо чандин ифтихорномаҳои фахрӣ ва нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С.58-59 ISBN 978-99947-958-2-6
- Зодагони 27 октябр
- Зодагони соли 1939
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 28 март
- Даргузаштагони соли 2016
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми физика ва математика
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шоён»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони тоҷик
- Физикдонони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон
- Кормандони шоистаи Тоҷикистон