Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Исфандиёр Ғуломзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исфандиёр Ғуломов
Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович
Таърихи таваллуд: 15 феврал 1947(1947-02-15) (79 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо
IMDb: ID 0347878

Исфандиёр Ғуломов (Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович; тав. 15 феврали 1947[1], ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2018)[2]. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2025)[3].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Исфандиёр Ғуломов 15 феврали соли 1947 ба дунё омадааст. Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд[4].

Хатмкардаи ГИТИС (1971), ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Бештар аз 80 нақш дар театр ва 50 нақш дар сенамо дорад[4].

Федор Иванович («Қатра дар баҳр»-и М. Холов), Шоҳ («Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ), Ванеев («Эътироз ҳабдаҳ»-и Ю. Лиманов), Собир («Умед»-и Ш. Солеҳов), Муллокарим («Алафҳои бегона»-и С. Сафаров), Коко («Раҳгумзада»-и М. Хаёлов).

«Камина» (Туркманистон), «Ба хубӣ ҷудо мешавем», «Ау! Ғорати қатор», «Майдони найранг», «Мулоқот дар Самара» (Русия); «Гирдбод», «Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд», «Чор нафар аз чорсанг», «Қиссаи зиндонии Павиак» (Тоҷикистон), «Дарвеши ланг» (СССР, Маҷористон, Туркия), «Тулуъ дар Ганг» (СССР, Ҳинд), «Шаби охирини Шаҳризод», «Афсонаҳои нави Шаҳризод» (СССР, Сурия), «Чашмаи гӯё», «Марзи давлатӣ. Реги сурх», «Хушнудона нигар», «Сулҳ ба хонаи шумо», «Ҷаҳиш», «Оҳангҳои баҳорӣ», «Муҳосира» (СССР).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Исфандиер Гулямов. Кино-Театр.РУ. 31 августи 2018 санҷида шуд.
  2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорони хусусӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (7 августи 2018). 29 феврали 2024 санҷида шуд.
  3. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (25 августи 2025). 26 августи 2025 санҷида шуд.
  4. 4.0 4.1 Маэстро Исфандёр Ғуломов. www.pitfi.tj. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот. 31 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 августи 2018.