Исфандиёр Ғуломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исфандиёр Ғуломов
Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович
Санаи таваллуд:

15 феврал 1947(1947-02-15) (72 сол)

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Касб:

ҳунарпешаи театр ва синамо

IMDb:

ID 0347878

Исфандиёр Ғуломов (Ғуломов Исфандиёр Ҳасанович; тав. 15 феврали 1947[1], ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Исфандиёр Ғуломов 15 феврали соли 1947 ба дунё омадааст. Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш Ҳасани Ғулом тадриҷан ба сиёсат гаравид ва чун аз андешаҳову ғояҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, қатори садҳо рушанфикрони коммунист ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Аз Маскав ӯро ба Тоҷикистон эъзом карданд[2].

Хатмкардаи ГИТИС (1971), ҳунарманди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Эҷодиёт[вироиш]

Бештар аз 80 нақш дар театр ва 50 нақш дар сенамо дорад[2].

Театр[вироиш]

Федор Иванович («Қатра дар баҳр»-и М. Холов), Шоҳ («Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ), Ванеев («Эътироз ҳабдаҳ»-и Ю. Лиманов), Собир («Умед»-и Ш. Солеҳов), Муллокарим («Алафҳои бегона»-и С. Сафаров), Коко («Раҳгумзада»-и М. Хаёлов).

Синемо[вироиш]

«Камина» (Туркманистон), «Ба хубӣ ҷудо мешавем», «Ау! Ғорати қатор», «Майдони найранг», «Мулоқот дар Самара» (Русия); «Гирдбод», «Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд», «Чор нафар аз чорсанг», «Қиссаи зиндонии Павиак» (Тоҷикистон), «Дарвеши ланг» (СССР, Маҷористон, Туркия), «Тулуъ дар Ганг» (СССР, Ҳинд), «Шаби охирини Шаҳризод», «Афсонаҳои нави Шаҳризод» (СССР, Сурия), «Чашмаи гӯё», «Марзи давлатӣ. Реги сурх», «Хушнудона нигар», «Сулҳ ба хонаи шумо», «Ҷаҳиш», «Оҳангҳои баҳорӣ», «Муҳосира» (СССР).

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Исфандиер Гулямов. Кино-Театр.РУ. 31 августи 2018 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Маэстро Исфандёр Ғуломов. www.pitfi.tj. Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот. 31 августи 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]