Кабилаҳои Ҳайтолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳайтолиён - номгузории дохилии хиёниён. Халқест, ки ба гурӯҳи оилаи ҳиндуаврупои дохил буда ба яке аз шеваҳои забонҳои шарқиэронӣ (сакои) сухан мекард. Якчанд шоҳони ҳайтолиён номи Эфталро гирифта буданд, бинобар ин номгузории ҳайтолиён ба миён омадааст. Ба ҳам монанд будани вожаҳои хион ва ҳун (аз вожаи hon) сабаб шудааст, муаррихони румӣ (византиягӣ) ин халқро хиёниёнро - "ҳунҳои сафед" меномиданд. Дар ибтидои асри V хиёниён (ҳайтолиён) давлати бузургеро таъсис намуданд, ки минтақаҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Туркистони шарқӣ ва шимолу-ғарби Ҳиндустонро дарбар гирифта буд.[1]

Маълумоти таърихӣ[вироиш]

Дар бораи пайдоишн ҳайтолиён дар илми таърих то ҳол фикри ягона вуҷуд надорад. Як гурӯҳ олимон онҳоро "шарқиэронӣ", гурӯҳи дигар "йӯҷиҳо", гурӯхи сеюм "гуннҳо" ва гурӯхи чорум "туркҳо" хаёл мекунад. Вале олимоне, ки хат ва забони ҳайтолиёнро хуб омӯхтаанд, бар он ақидаанд, ки ҳайтолиён ба гурӯхи мардуми шарқиэронӣ тааллуқ доштаанд. Дар маъхазе гуфта мешавад, ки ҳайтолиҳо қариб сад ҳазор нафар мебошанд. Дар ватани онҳо шаҳрҳо набуда, дар ҷойҳои серобу алаф ва дар кулбаҳои намадин зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи маъхази дигар муқаррар карда шудааст, ки ҳайтолиҳо аз ду гурӯҳ - кӯчманчӣ ва муқимӣ иборат будаанд. Ба мо маълум аст, ки аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ҳайтолиён ду хел, як қисми онхо "сафедрӯй" ва кисми дигарашон "сурхрӯй" будаанд. Ҳайтолиён ба Осиёи Марказӣ аз хориҷи он омада, сокин шудаанд. Дар ин ҷо он вақт шаҳрҳои сершумор мавҷуд будаанд. Қабилаҳои ҳайтолӣ дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба зиндагии муқимӣ тезтар одат кардаанд. Дар маъхазе гуфта мешавад, ки ҳайтолиҳо золим, боҷуръат ва дар майдони набард қобилитияти фавқулодда доранд. Дар бораи урфу одатҳои ҳайтолиён маълумоти аҷоиб ба даст оварда шудаанд, ки аксарияти онҳо барои мо ғайримуқаррарӣ менамоянд. Масалан, бародарон якҷоя як зан доштанд. Зане, ки як шавҳар дорад, каллапӯши якгӯша дошт. Зане, ки якчанд шавҳар дошт, шумораи гӯшаҳои каллапӯш ва ё шаддаҳои мӯҳраҳои гарданаш ба шумораи шавҳарҳояш баробар буд. Фарзандонро на аз рӯи падари онҳо, балки аз рӯи модарашон муайян мекарданд. Дар ин мамлакат ароба набудааст. Барои ҳамин мардум дар кору зиндагиашон аз замбар истифода мебурдаанд. Ҳайтолиён асп ва уштури зиёд доштаанд. Ашрофонро дар тобутҳои сангини сарпӯшдор мегӯрондаанд. Камбағалонро бошад, ҳамин тавр, хоксорона бе тобут мегӯронданд. Бо ҳамроҳии мардум дар гӯр сару либоси онҳоро низ мегузоштаанд, то ки ба онҳо дар он дунё ба кор оянд.[2]

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Эфталиты.
  2. Давлати Ҳайтолиён