Jump to content

Кадушӯрбо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кадушӯрбо

  • Тарзи дигари тайёр намудани Кадушӯрбо : Ба дег об рехта, аввал гӯшти устухондорро меандозанд. Баробари ҷӯшидани об кафкашро гирифта, пораҳои каду ва сабзӣ, пиёзи реза, қаламфури булғорӣ, помидор, намаку зира ва ғайраро паиҳам меандозанду 50-60 дақиқа дар оташи паст меҷӯшонанд. Каме пештар аз пухтани кадушӯрбо картошкаи поракардаро меандозанд. Баъди пухтани картошка кадушӯрбо пурра тайёр мешавад. Маҳсулоти кадушӯрбо гӯшт, каду, сабзӣ ва картошкаро ба табақ ва оби онро ба косаҳо кашида, ба болояш мурчу кабудии реза пошида, ба дастархон мегузоранд. Ба 500 г гӯшт 800 г каду, 3-4 дона сабзӣ, 3-4 дона картошка, 2 пиёз, 1-то қаламфури сурх ва 2 дона қаламфури булғорӣ, мувофиқи табъ намаку мурч лозим аст.[1]
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.