Калмоч

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Калмоч — (Trichodesma incanum), рустании бисёрсолаест аз оилаи шанҷариҳо. Баландиаш то 110 см. Пояи сершохчаю барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯяи сермӯяки ашҳаб (дароизиаш 2-10 см, бараш 1-3 см), хӯшагули тугшакл, гули нилгун ё сафеди кабудтоб, чормағзаки мудаввар ё байзашакли дорчинии ашҳаб (дарозиаш 6.5-9 мм) дорад Моҳҳои май - октябр гул мекунад.