Карим Қосимов
Карим Қосимов | |
Таърихи таваллуд | 10 апрел 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Ҷоизаҳо |
Карим Қосимов (тав. 1938, д. Ӯзбекқишлоқ, ноҳияи Ҷаббор Расулов, вилояти Суғд) — сароянда, оҳангсоз-таронасаро, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1977), Аълочии маданияти СССР (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Карим Қосимов фориғуттаҳсили шуъбаи сарояндагии омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд (1968), факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (1972) буда, фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (1962-1972) оғоз намуда, сониян ба сифати сарояндаи театри драмавию мусиқии ноҳияи Ҷаббор Расулов (1973-1975), сарояндаи дастаи консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 1975-1978) ҳунарнамоӣ кардааст. Карим Қосимов аз соли 1978 фаъолияти иҷроияшро дар ансамбли шашмақомхонони Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон идома дода, таҳти сарварии донандагони санъати мақом Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов ва диг. асосҳои иҷроии ин шоҳкории шеърию мусиқиро фаро гирифта, дар сабти дастаҷамъӣ, иҷрои таронаҳои «Ироқи Бухоро», «Насруллоӣ», «Муғулчаи Бузург», «Насри Ушшоқ», «Соқиномаи Савти Наво», «Қашқарчаи Савти Наво», «Насри Баёт», «Ушшоқи Самарқанд», «Уфари Савти Сабо», «Соқиномаи Рок», «Муноҷот» ва ғ. маҳорати иҷроӣ ба харҷ додааст. Карим Қосимов инчунин муаллифи зиёда аз 200 сурудҳои гуногунмавзӯъ буда, махсусан сурудҳои «Пазмони туам», «Луъбати Искодарӣ», «Ошиқам», Биё, эй ҷон», «Қомати дилҷӯи кист», «Сарвқади дилрабо», «Гулшани Ҳисор», «Қурбони ту гардам», «Ранҷи сухан» ва ғ. дар санъати мусиқии муосири тоҷик нақши хоса доранд. Карим Қосимов алҳол сарварии дастаи мақомсароёни ноҳияи Ҷаббор Расуловро вилояти Суғд ба уҳда дошта, дар рушду тарғиби анъаноти иҷроии мақом ва мақомсароӣ тарбияи сулолаи нави сарояндагони ҷавон (О. Неъматов, Н. Турсунов, Б. Толибов, А. Мадаминов ва диг.)дониш ва малакаи иҷроияшро ба харҷ медиҳад. Карим Қосимов барои хидматҳои шоистааш дар тарғиб, рушди мусиқии тоҷик бо ифтихорномаҳои Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон сарвароз гардидааст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таджикское искусство. - М., 2002;
- Таджикская музыка. - Душанбе, 2003;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3. - Душанбе, 2004;
- Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 112-113 ISBN 978-99947-49-13-3