Карл Бенс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Карл Бенс
Carl Benz
CarlBenz.jpg
Санаи таваллуд:

25 ноябр 1844(1844-11-25)[1]

Мамлакат:
Санаи марг:

4 апрел 1929(1929-04-04) (84 сол)

Соядаст:

Carl Benz signature.png

Commons-logo.svg Карл Бенс дар Викианбор

Карл Фридрих Михаэл Бенс (олмонӣ: Carl[2][3][4][5][6] (Karl) Friedrich Michael Benz [kaɐ̯l ˈfʁiːdʁɪç ˈbɛnts], 25 ноябри 1844, Мюлбург (Карлсруэ)[7][8][9][10]4 апрели 1929, Ладенбург) — муҳандиси олмонӣ, ихтироъкори аввалин автомобил дар ҷаҳон, пешгом дар соҳаи автомобилсозӣ. Аз ширкати вай баъдтар иттиҳодияи Daimler-Benz AG (ҳоло Daimler AG) ташкил шуд.

Зиндагинома[вироиш]

Бозсозии автомобили «Motorwagen»-и Бенс, барориши соли 1886.
Бенси болдор. Аэроплани Русия дар болои мошини боркаш дар ҷабҳаи Қафқоз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Соли 1916.

Падари Карл, ронандаи қатора, вақте ки писараш ҳамагӣ ду сол дошт аз сармозанӣ мемирад. Модараш саъй мекунад, то писараш маълумоти арзанда гириад. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар Карлсруэ Карл соли 1853 ба литсейи техникӣ (ҳоло гимназияи Бисмарк), ва баъдан — ба донишгоҳи.политехникӣ дохил мешавад. 9 июли соли 1864 дар синни 19 солагӣ ӯ факултети механики техникии донишгоҳи Карлсруэро хатм мекунад. Ӯ ҳафт соли оянда дар корхонаҳои гуногун дар Карлсруэ, Мангейме, Пфорцгейме ва ҳатто муддате дар Вена кор мекунад.

Соли 1871 якҷоя бо Август Риттер устохонаи механикиро Манҳейм ташкил мекунанд. Дере нагузашта Карл Бенс саҳми шарикашро бо пулҳои аз падари арусаш Берт Рингер қарзгирифта мехарад. Карл ва Берт 20 июли соли 1872 ақди никоҳ мебанданд. Онҳо панҷ фарзанд доштанд.

Дар устохонаи худ Карл Бенс ба сохтани муҳаррикҳои нави дарунсӯз сар мекунад. 31 декабри соли 1878 ӯ барои муҳаррики бензинии дузарба патент мегирад.

Чанде нагузашта Карл Бенс ба ҳамаи ҷузъҳои муҳими системаи мошини ояндааш петент мегирад.

Дар ҳунар[вироиш]

  • Дар асоси зиндагиномаи Карл Бенс ва зани ӯ Берт соли 2011 филми бадеии «Карл ва Берт» (Олмон) ба навор гирифта шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]