Амир Катаев
Катаев Амир Ҳабибович | |
Таърихи таваллуд | 1947 |
Зодгоҳ | Ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 29 сентябр 2015 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии идораи шаҳри Москва |
Ҷоизаҳо | Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997). Муҳандиси шоистаи Федератсияи Россия (2001) |
Катаев Амир Ҳабибович — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1991), профессор (2001). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008). Президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997). Муҳандиси шоистаи Федератсияи Россия (2001).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амир Катаев Институти муҳандисиву иқтисодии ба номи С.Орҷоникдзеи Москваро (ҳоло — Донишгоҳи давлатии идора) хатм кардааст (1970), ихтисос — «иқтисодиёт». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: масъалаҳои иқтисодии рушди инфрасохторҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, соҳаҳо ва бахшҳои он дар чорчӯбаи Барномаи комплексии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мудири шуъбаи Институти иқтисодиёти АИ ҶТ (1981—1993), ҳамзамон профессори кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти соҳаи нақлиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1970—1995). Раиси Стандарти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (1995—2000). Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2000—2010). Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) буд. Дар синни 68 солаги дар натиҷаи нохушӣ даргузаштааст.[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).
- Муҳандиси шоистаи Федератсияи Россия (2001).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Нохушӣ дар Душанбе:
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Конибодом
- Даргузаштагони 29 сентябр
- Даргузаштагони соли 2015
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон