Кейт Бланшетт
англ. Cate Blanchett | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Catherine Élise Blanchett |
Таърихи таваллуд: | 14 май 1969[1][2][3][…] (55 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | таҳиякунандаи филм, коргардони филм, ҳунарпешаи театр, бозигари синамо, ҳунарпеша, садопеша, таҳиякунандаи телевизиюнӣ |
Корнома: | 1992 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000949 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кейт Бла́ншетт (англ. Cate Blanchett; — яке аз машҳуртарин ҳунарпешаи синамои Австралия мебошад. Шӯҳрати зиёдро бо филмҳои «Елизавета» (1998, ҷоизаҳои BAFTA ва «Глобуси тилоӣ» барои беҳтарин нақши зан) (1998), «Авиатор» (2004, ҷоизаи Оскар» ва BAFTA Барои нақши дуюми беҳтарини занона) (2004)ва «Властелин колец» (2001, 2002, 2003) ба даст овардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Кейт Бланшетт 14 майи соли 1969 дар Мелбурн, дар яке аз шаҳрҳои калонтарини Австралия, дар оилаи Роберт ва Ҷун Бланшетт ба дунё омадааст. Дар синни 10-солагии Кейт, падараш аз маризи қалб аз олам чашм мепӯшад ва бори гарони тарбияи се фарзанд – Кейт, бародари калонияш Боб ва ва хоҳараш Женевйева ба дӯши модараш меафтад. Кейт дар коллеҷи методистии занонаи Мелбурн таълим мегирад. Дар он ҷо ӯ бори аввал дар саҳна баромад мекунад. Баъд ӯ таҳсилро дар Донишгоҳи Мелбурн давом медиҳад ва дар он ҷо санъату иқтисодиёт меомӯзад. Пас аз сафари кӯтоҳмуддат ба Англия ва Миср ӯ ба Австралия бармегардад ва ба донишкадаи миллии санъати драмавӣ дохил мешавад. Ӯ яке аз бомаҳораттарин донишҷӯёни ин донишкада буд. Баъд аз хатми донишкада Кейт дар чандин намоишномаҳои театрӣ иштирок мекунад. Баъд аз муваффақият дар театр, Кейт дар синамо ва телеҷизион низ баромад мекунад. Солҳои 1993—1995 ӯ дар чанидин филмҳои телевизиониву силсилафилмҳои дар Австралия машҳур («Полицейские силы», «Родина», «Город ӯ границы»), нақшҳо меофарад, вале театрро тарк намекунад. Аз соли 1997 диққати Бланшетт ро кино бештар ба худ ҷалб мекунад. Ӯ дар филми мазҳакавии «Слава богу, он встретил Лиззи» иштирок мекунад ва маротибаи аввал дар ҳаёташ соҳиби ҷоизаҳо— ҷоизаи Пажӯҳишгоҳи кинои Австралия ва Ҷамъияти мунаққидони кинои Австралия мегардад. Шӯҳрати ҷаҳониро ба Бланшетт нақши маликаи Англия Елизаветаи I дар филми коргардони ҳинду Шекхар Капур «Елизавета» овард. Филм дар бораи давраи ҷавонии Елизаветаи I, ба сари ҳокимият омадани ӯ ва давраи аввали ҳукмронияш буд. Барои офаридани нақши Елизавета Бланшеттро ба ҷоизаи «Оскар» пешниҳод карданд ва ӯ соҳиби ҷоизаҳои «Глобуси тилоӣ» ва BAFTA гардид. Соли 1999 барои Бланшетт соли сермаҳсул буд. Ӯ дар ду намоишномаи театрӣ дар Лондон ва дар чаҳор филм иштирок варзид. Пас аз ду соли баромадани филми «Елизавета», Бланшетт яке аз машҳуртарин ҳунарпешагон Ҳолливуд гардид ва аз сабаби зиёд будани кор, театрро тарк кард. Соли 2001 ӯ бо Брюс Уиллис ва Биллӣ Боб Торнтон дар мазҳакаи Баррӣ Левинсон «Бандиты» нақш офарид. Баъдтар ӯ дар сегонаи Питер Ҷексон «Властелин колец» аз рӯи романи Ҷ. Р. Р. Толкин иштирок кард. Дар ин филм ӯ нақши Галадриэл – маликаи соҳибҷамол ва қудратманди элфҳоро бозид. Соли 2005 Бланшетт Каме сукут мекунад ва танҳо дар як филме дар дар ватанаш нақш меофарад. Барои нақши офаридааш дар ин филм ӯ соҳиби ҷоизаи пажӯҳишгоҳи синамои Австралия мегардад. Моҳи майи соли 2006 дар кинофестивали Канн бо филми нави худ - «Вавилон» баромад кард, ки дар он бо ӯ якҷоя Брэд Питт ва Гаэл Гарсиа Бернал бозӣ мекарданд. Филм аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт ва соҳиби ҷоизаи коргардони беҳтарин гардид. Дар айни замон Кейт Бланшетт дар авҷи шуҳрат аст ва дар филмҳои гуногун иштирок меварзад.
Филмҳо бо иштироки Кейт Бланшетт
[вироиш | вироиши манбаъ]2008 | Бенджамин Баттон | Benjamin Button | Дэйзи |
2006 | Там нет меня | I’m Not There | Боб Дилан |
Золотой век | Golden Age | Елизавета I | |
Вавилон | Babel | Сьюзан | |
Хороший немец | The Good German | Лина Брандт | |
Записки о скандале | Notes on a Scandal | Шеба Харт | |
2005 | Маленькая рыбка | Little Fish | Трейси Харт |
2004 | Водная жизнь со Стивом Зиссу | The Life Aquatic with Steve Zissou | Джейн Уинслетт-Ричардсон |
Авиатор | The Aviator | Кэтрин Хепберн | |
2003 | Властелин колец: Возвращение короля | The Lord of the Rings: The Return of the King | Галадриэль |
Похищенная | The Missing | Мэгги Гилкесон | |
Кофе и сигареты (эпизод «Кузины») | Coffee and Cigarettes | Кейт / Шелли | |
Охота на Веронику | Veronica Guerin | Вероника Герин | |
2002 | Властелин колец: Две крепости | The Lord of the Rings: The Two Towers | Галадриэль |
Рай | Heaven | Филиппа | |
2001 | Корабельные новости | The Shipping News | Петал Беар |
Шарлотта Грей | Charlotte Gray | Шарлотта Грей | |
Властелин колец: Братство кольца | The Lord of the Rings: The Fellowship of the Ring | Галадриэль | |
Бандиты | Bandits | Кейт Уилер | |
2000 | Дар | The Gift | Аннабель Уилсон |
Человек, который плакал | The Man Who Cried | Лола | |
1999 | Истории потерянных душ | Stories of Lost Souls / Bangers | Джули-Анна |
Талантливый мистер Рипли | The Talented Mr. Ripley | Мередит Лог | |
Управляя полетами | Pushing Tin | Конни Фальцоне | |
Идеальный муж | An Ideal Husband | Леди Гертруда Чилтерн | |
1998 | Елизавета | Elizabeth | Елизавета I |
1997 | Оскар и Люсинда | Oscar and Lucinda | Люсинда |
Слава богу, он встретил Лиззи | Thank God He Met Lizzie | Лиззи | |
Дорога в рай | Paradise Road | Сьюзан Макарти | |
1996 | Парклэндс | Parklands | Рози |
1994 | Полицейские силы | Police Rescue | Вивиан |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Casey N. S. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #129968471 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.