Jump to content

Китобу-с-сайдана фи-т-тиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Китобу-с-сайдана фи-т-тиб
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) Китобу-с-сайдана фи-т-тиб[d]
Нависанда Абурайҳони Берунӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ

«Китобу-с-сайдана фи-т-тиб» (ар. كتاب الصيدنة في الطب‎) — донишномаи пизишкии асримиёнагист, ки зери таълифоти Абурайҳони Берунӣ навишта шудааст.

Дар офаридани китоби таббии «Китобу-с-сайдана фи-т-тиб» Берунӣ адабиёти беш аз якуним ҳазораи таърихиро истифода намудааст. Дар ин асар номи 250 муаллифон хотирнишон шудаанд. Дар ин китоб 4500 номгӯи наботот, ҳайвонот, маъданҳо (1100-тои онҳо номҳои тоҷикӣ доранд) сабт ёфтаанд.

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Даснависи тарҷумаи форсии «Китобу-с-сайдана фи-т-тиб» дар осорхонаи Британияи Кабир (Лондон) таҳти рақами ОЧ 5849 нигоҳ дошта мешавад.