Кларнет
Кларнет — (итол. clarinetto – «кларинаи-хурд» ) — сози мусиқии нафасӣ аз гурӯҳи Созҳои нафасии чӯбин, монанд ба гобой, ки пайдоиши пешрави онро аз тутаки чӯпонӣ медонанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Пешгузаштаи кларнетро аз баъзе созҳои чӯбини нафасӣ сохта, ба ҳисобе 4 ҳазор сол пеш дар Мисри Қадим истифода мешудааст. Кларнет дар намуди ҳозирааш ба оркестр дар миёнаи асрҳои VIII пайдо шудааст. Бо тағйироти зиёде дар таҷрибаи мусиқӣ чун сози якканавозӣ, ансамблӣ ва иштирокчии бевоситаи оркестри симфонӣ маъмул гардидааст.
Кларнет аз шайпур (найча)-и чӯбин (дарозияш қариб 70 см) ва бо даҳони начандон калон пешниҳод шудааст. Ҳаворо ба воситаи мундштук (лабгир)-и нулмонанд, ки ба он трости (найча) тунуки қамишӣ маҳкам часпонда мешавад, пуф мекунанд. Сози мазкур бо системаи мураккаби сарпӯшакҳо (клапан) ва сӯрохиҳо таҷҳизонида шудааст. Диапазони кларнет зиёда аз 3 октаваро дар бар мегирад. Садои нотаҳои пасти кларнет хислати якқадар хираю ғамгинӣ дошта, бо гузаштан ба садобарории баланд, садояш бештар гарму возеҳӣ пайдо мекунад, аммо дар регистри аз ҳама боло – гӯшкаркунанда аст. Кларнет ягона намояндаи гурӯҳи чӯбини оркестри симфонист, ки имконияти бисёр пурқувват ва паст кардани қувваи садоиро дорост. Имконияти ниҳоят баланди техникӣ дошта, тембри (сифати садо) ширадору болатофат дорад, ки бо тембри дигар созҳои чӯбин – флейта, гобой, фагот хуб ҳамовоз мешавад. Кларнет дар ансамбл ва намуди оркестрҳои гуногун чун сози ивазнашаванда дониста шудааст. Композиторон барои кларнет асарҳо эҷод намудаанд: дар ин самт консертҳои барои кларнети В. Мотсарт, К. Вебер маъмуланд. «Расказ» аз манзараи фантазияи симфонии П. Чайковский «Франческа да Римини» якканавозии кларнетро ба ёд меорад ва ғ.
Композиторони тоҷик низ барои ин сози нодир асарҳо эҷод намудаанд, ки консерт барои кларнет бо оркестри Саид Ҳамроев, Сонатаҳои барои кларнет ва фортепианои Шодмон Пӯлодӣ ва С. Ҳомидов, дуэт барои кларнет ва фортепианои Ҷасур Халилов ва «Хотира»-и Х. Ниёзӣ барои кларнет ва фортепиано аз ҷулаи онҳоянд. Кларнет ба рӯйхати созҳои мусиқии транспониркунанда дохил карда мешавад. Дар оркестрҳо ва ансамблҳо одатан кларнетҳои бо ҷӯри in B ва in A истифода бурда мешаванд ва бо ҳамин мувофиқ нотаи онҳо аз садобарорияшон дида ба секундаи калон ва тертсияи хурд баланд навишта мешаванд. Аз намудҳои кларнет кларнети хурд ва кларнети басро ёдовар шудан лозим аст.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.179-180. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)