Шодмон Пӯлодӣ
Шодмон Тиллобекзода Пӯлодӣ | |
Таърихи таваллуд | 11 июн 1943 |
Зодгоҳ | Хоруғ |
Таърихи даргузашт | 1995 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Шодмон Тиллобекзода Пӯлодӣ (11 июни 1943, Хоруғ — 1995, Душанбе) — оҳангсози тоҷик, Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шодмон Тиллобекзода Пӯлодӣ дар шаҳри Хоруғ дар оилаи шоири маъруфи тоҷик Тилло Пӯлодӣ таваллуд шудааст. Ба хонадони онҳо қадршиносони назму мусиқӣ зуд-зуд меомаданд. Муҳити ҳунарии хонавода аз бисёр ҷиҳат шавқу завқи композитори ояндаро муайян намуд.
Вай толибилми мактаби мусиқӣ гардида, дар синфи созҳои нафасӣ таълим мегирад. Пас аз панҷ сол вай аллакай донишҷӯи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе. Аввалин асарҳои мусиқии ӯ ба ҳамин давра тааллуқ доранд. Ӯ композитор Ш. С. Сайфиддиновро бо таҷрибаҳои худ ошно месозад. Ӯ ҷавонро хеле самимона дастгирӣ намуда, вайро даъват мекунад, то дар машғулиятҳои синфи композитсия, ки таълими онро дар омӯзишгоҳ ба уҳда дошт ба таври факултативӣ иштирок намояд.
Дар ташаккули эҷодии композитори ҷавон муошират бо омӯзгори хеле хуб, композитор Ю. Г. Тер-Осипов, ки як насли томи муаллифони ҷавонро ба воя расонидааст, нақши калон бозидааст. Дар қатори аввалин дастовардҳои композитор метавон Прелюдияи e-moll барои фортепиано (1967) ва Ноктюрн ва Фугато барои оркестри торӣ (1967), асаре ки нахустин бор ҳамон соли 1967 оркестри симфонии Филармонияи Ленинград таҳти роҳбарии А.Янсонс дар Душанбе иҷро карда буд, номбар намуд.
Соли 1970 Ш.Пӯлодӣ ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский дохил шуда, дар синфи дорандаи Ҷоизаи Ленин, профессор Т. Н. Хренников, ки дар ташаккули симои эҷодии Ш.Пӯлодӣ нақши калон бозидааст, таҳсил менамояд.
Соли 1970 композитор кантатаи «Ба васфи Ленин» барои ровӣ, хори омехта ва оркестри симфониро (матни Т.Пӯлодӣ) менависад. Ин якумин асари калонҳаҷми ӯ маҳсуб меёбад. Кантатаи ҳафтқисма аз ду фасл иборат аст. Фасли якум аз «Пролог», «Первая песня о Ленине», «Монолог-речитатив» ва «Вторая песня о Ленине» иборат аст. Онҳо дар маҷмӯъ экспозитсияи кантатаро ташкил медиҳанд, ки роҷеъ ба доҳӣ нақл мекунад. Махсусан «Вторая песня о Ленине» хеле дилнишин аст.
Фасли дуюми кантата, ки аз «Ритмо-остинато», «Праздник» ва «Эпилог» иборат аст, аз нигоҳи хусусияти хеш муассиртар аст. Дар он роҷеъ ба шаҳомати таҳаввулоти иҷтимоӣ, ҳаёти нав дар диёри куҳанбунёди тоҷикон нақл карда мешавад. Кантатаи «О Ленине» аввалин маротиба соли 1977 дар Пленуми IV раёсати Иттифоқи композиторон дар Москва, бахшида ба эҷодиёти ҷавонон, дар оркестри калони симфонӣ ва хори калони академии телевизион ва радиои марказӣ зери роҳбарии В.Федосеев садо дода буд.
Дуюмин осори калонҳаҷми Ш.Пӯлодӣ достони симфонии «Деворнигораҳои Панҷакенти қадим» гардид. Асари шаклан хеле мухтасар, ниҳоят аҷиб оркестронидашуда, ин достон зуҳуроти барҷастаи симфонизми муосири тоҷик гардид. Достони «Деворнигораҳои Панҷакенти қадим» дар Фестивал-намоиши умумииттифоқии эҷодиёти композиторони ҷавон сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид. Мавзӯи дорои аҳамияти калони гражданиро, ки дар кантатаи «О Ленине» садо дода буд, композитор дар достони симфонии «Ба афрӯхтагони шуълаи инқилоб» (1974) бахшида ба таҷлили 50-солагии таъсисёбии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон идома медиҳад. Ҳангоми иҷро дар барномаи консертии анҷумани шашуми композиторони Тоҷикистон он аз ҷониби аҳли мусиқӣ самимона истиқбол гардид. Гарчанде Ш.Пӯлодӣ дар эҷодиёти худ ба жанрҳои гуногун рӯ овардааст, аммо солҳои охир ӯ ба мусиқии камеравӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Дар ин самт композитор бештар услубҳои овозию сабкиро ҷустуҷӯ менамояд, дар назди худ вазифа ва проблемаҳои эҷодӣ гузошта, онҳоро ҳал мекунад. Вай бештар мусиқии фортепианӣ ҳам барои иҷроиши консертӣ, ҳам барои истифода дар амалияи омӯзгорӣ, менависад. Ин қабл аз ҳама прелюдияҳо барои фортепиано, Токката, «Сюитаи хурдакак», «Соната барои духтарам дар соли кӯдак», «Бассо-остинато», силсилаҳои гуногун барои бачаҳо мебошанд. Иловаи хуб барои репертуари консертии композитор Соната барои труба ва фортепиано (1971) гардид, ки дар доираи Пленуми ҷавонон дар Москва иҷро шуд. Дар ин асар усулу васоити ниҳоят ғайриоддӣ истифода шудаанд, ки аз иҷрокунанда маҳорати баланди касбиро тақозо мекунанд. Марҳалаи муҳим дар таҳаввули эҷодии композитор Квартети якуми торӣ (1981) гардид. Муаллиф дар ин асар бештар ба ҷараёни инкишофи сабки полифонии оҳангу зарб диққат додааст. Мусиқии хурсандибахшу мавзуни қисми якуми квартет, бо аккордҳои қатъӣ ва диловаронаи қисми дуюм гӯё эрод гирифта мешавад, вале ноаён пайдо шудани оҳангҳои оддиву самимонаи халқӣ мавзунияти маъноӣ ва драматургиро муҳайё месозад ва образҳои пешинаи мавзунро барқарор менамояд. Квартет дар Анҷумани VII Иттифоқи композиторон бомуваффақият иҷро гардид. Дар ду асари баъдина — Квартети № 2 ва Соната барои скрипкаи соло — муаллиф мекӯшад, ки эҳсосоти хешро нисбати сабки бадеҳанавозии халқӣ пешниҳод гардонад. Мусиқӣ аз унсурҳои хоси навозандагии мардумӣ бой аст. Баъзан, бахусус дар соната барои скрипкаи соло, тасаввуроте ҳосил мешавад, ки сози халқӣ импровизатсияро иҷро мекунад. Ин асарҳо аз маҳорати такмилёфтаи композиторӣ шаҳодат медиҳанд. Ҷустуҷӯи васоити нави таъсирбахшро композитор дар ду соната барои виолончели соло (1983, 1984) идома додааст. Композитори боистеъдод Шодмон Пӯлодӣ жанрҳои нисбатан маъмул ва демократии суруд, мусиқии эстрадӣ, мусиқӣ барои театр ва киноро низ сарфи назар накардааст. Ӯ ин жанрҳоро дар тӯли тамоми эҷодиёти худ бо фаъолияти консертӣ ва тарғиботӣ ҳамеша бомуваффақият мепайвандад. Хатсайри сафарҳо, вохӯриҳо, консертҳо гуногун аст: Шарқи Дур, БАМ (Роҳи оҳани Байкалу Амур), Прибалтика, Белоруссия, Қрим ва ғайра. Ш.Пӯлодӣ дар назди меҳнаткашони Тоҷикистон бисёр баромад кардааст.
Дар натиҷаи боздид аз сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ сурудҳои «Здесь будет Рогунская ГЭС» ва «Байпазинская ГЭС» эҷод гардиданд. Ш.Пӯлодӣ чандин бор ташкилоти композитории ҷумҳуриявиро дар хориҷа намояндагӣ намудааст. Бо мусиқии ӯ сомеон дар Афғонистон, Булғория, Полша, Руминия ва дигар кишварҳо шиносанд.
Ҷузъи муҳими ҳаёт ва фаъолияти композитор Шодмон Тиллобекзода Пӯлодӣ кори ҷамъиятӣ ва тарғиботӣ буд. Тӯли якчанд сол Ш.Пӯлодӣ раиси Шӯрои бадеии комиҷроияи шаҳри Душанбе, аъзои Президиуми Ҷамъияти Дӯстии Шӯравӣ — Германия, директори Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе буд. Ш.Пӯлодӣ Раиси раёсати шуъбаи тоҷикистонии Музфонди СССР, котиби масъули раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва директори Хонаи байнииттифоқии эҷодиёти худфаъолиятии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон буд. Мусиқии Ш.Пӯлодӣ дар фазои консерти эстрадӣ садо медиҳад, ӯро на танҳо дар кишвари мо, балки дар хориҷа низ мешиносанд. Асарҳои ӯ бо сабки хосаи эҷодӣ, кӯшиши синтези суннатҳои бадеии мусиқии қадимаи тоҷик ва афкори муосири мусиқӣ фарқ мекунанд. Аз соли 1987 то соли 1988 Ш.Пӯлодӣ ба ҳайси мушовири фарҳангӣ ва муаллими Литсейи Кобул дар Ҷумҳурии Афғонистон буд. Дар ин давра ӯ асари устод Ф. М. Нянгалай «100 оҳанги халқи афғон»-ро ба чоп омода менамояд.
Соли 1990 дар якумин фестивали байналмилалии мусиқии арғунун дар Москва иштирок менамояд, ки дар он асари ӯ симфонияи «Борбад» барои арғунун иҷро гардид. Ҳамон сол вай аъзои ташкилоти композитории Москва гардида, аз ҷониби М. С. Горбачёв бо медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардонида мешавад. Солҳои 1990—1992 дар ассистентура-коромӯзии Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский таҳсил намуда, кори илмиро дар мавзӯи «Робитаҳои мусиқии эрониён-афғонон-тоҷикон» оғоз менамояд. Моҳи майи соли 1991 дар Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Германия иштирок менамояд. Консерти муаллифии ӯ дар Толори хурди Консерваторияи Москва ба номи П. И. Чайковский (июли соли 1993) дар ҳаёти эҷодии Ш.Пӯлодӣ воқеи муҳим гардид.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «10-солагии Инқилоби Савр» Президиуми Ҷумҳурии Афғонистон (1988)
- медали «Барои меҳнати шоён»(1990)
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асарҳои симфонӣ
- 1966 — Ноктюрн и Фугато барои оркестри торӣ.
- 1972 — «Деворнигораҳои Панҷакенти қадим», достони симфонӣ.
- 1973 — «Ба афрӯхтагони шуълаи инқилоб», достони симфонӣ.
- 1974 — Сюитаи балетӣ.
- 1981 — «Мирзо Турсунзода барои кӯдакони рӯи замин», сюитаи
- хореографӣ.
- 1982 — 3 марш барои оркестри нафасӣ.
- 1984 — Симфониеттаи полифонӣ барои оркестри торӣ.
- Асарҳои хорӣ ва вокалӣ-симфонӣ
- 1969 — 2 тасвири хорӣ барои хори калони a’capella.
- 1970 — «Кантата о Ленине», стихи Т.Пулоди. — М., «Сов. композитор», 1975.
- 1971 — 2 суруди лирикӣ барои хори a’capella. — Душанбе: Ирфон, 1983.
- 1972 — «Триптихи шуғнонӣ» барои хор.
- 1984 — «Туӣ Ватан», оратория ба шеъри Т.Пӯлодӣ.
- 1985 — «Дар қалбу хотираи мо — зиндаед», шеъри Т.Пӯлодӣ ва Ҷ.Каримзода. кантата ба 40-солагии Ғалаба бахшида шудааст.
- Асарҳои камеравӣ-созӣ
- 1966 — 9 пйеса барои фортепиано.
- 1967 — Прелюдия барои фортепиано.
- 1968 — Токката барои фортепиано.
- 1970 — 5 пйеса барои фортепиано.
- 1971 — Соната барои труба ва фортепиано.148 149
- 1978 — Силсилаи пйесаҳои фортепианӣ.
- 1979 — «Соната барои духтарам дар соли кӯдак».
- 1979 — «Нақшҳои помирӣ» барои фортепиано.
- 1981 — 5 пйесаи фортепианӣ дар асоси оҳангҳои халқӣ.
- 1981 — Квартети тории № 1.
- 1982 — Струнный квартет № 2. М., «Сов. композитор», 1986.
- 1983 — Соната барои скрипкаи якка.
- 1983 — Сонатаи № 1 барои виолончели якка.
- 1984 — Сонатаи № 2 барои виолончели якка.
- 1984 — Соната барои кларнет ва фортепиано.
- 1986 — Квартети тории № 3.
- 1990 — «Борбад», симфония барои арғунун.
- Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ ва кино
- 1978 — «Прииск за перевалом», филми мустанад.
- 1979 — «Водии Алфей», филми мустанад.
- 1980 — «Аспҳо дар моҳтобшаб», филми бадеии телевизионӣ.
- 1980 — «ҶШС Тоҷикистон-80», филми мустанад.
- 1980 — «Табиби бузург», мусиқӣ ба намоишнома.
- 1981 — «Писари Ватан», мусиқӣ ба намоишнома.
- 1981 — «Обгоняя время», мусиқӣ ба филми мустанад.
- 1968—1984 — Сурудҳо, романсҳо, балладаҳо бар ашъори М. Ю. Лермонтов, М.Турсунзода, Т.Пӯлодӣ, С.Ғоибзода, Гулрухсор, А.Ҳакимова, Ҷ.Каримзода, Р.Олимов, В.Пучков, Е.Давидов, О.Муталенко.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011. — C. 143—148