Jump to content

Комил Ёдгор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комил Ёдгор
Суратҳо
Таърихи таваллуд 6 май 1950(1950-05-06) (74 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Рассоми халқии Тоҷикистон (1999)

Комил Ёдгор (Комил Ёдгоров; зод. 6 майи 1950, ноҳияи Кӯҳистони Масчо) — рассом ва нақ­қоши тоҷик. Рассоми халқии Тоҷикистон (1999), академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2010)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Комил Ёдгор 6 майи соли 1950 дар деҳаи Ҳадишаҳри ноҳияи Масчои вилояти Ленинобод ба дунё омадааст[1]. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе (1971) ва Институти давлатии рассомии Мас­кав ба номи В. И. Суриков (1978). Роҳбари бадеии маҳфили рассомии Хонаи пионерони ноҳияи Мастчоҳ (1971-73), муаллими Омӯ­зиш­гоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (1979—1981), рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон (1981-92), Котиби ИР Тоҷикистон (1987—1992). Аз соли 1992 дар ноҳияи Масчо зиндагӣ ва эҷод мекунад.

Комил Ёдгор рассоми мо­нументалӣ аст. Нахустин наққошии шогирдонаи Комил Ёдгор «Марги Робияи Балхӣ» (1972) ном дошта, шоираро дар даруни ҳаммоми тафсон дар ҳоли дар девори гармоба бо хуни хеш навиштани мисрае тасвир кардааст. Аввалин асари касбии ӯ — «Парастуи нахустин» ба аввалин омӯз­горзанони водии Рашт Абдуллоева Сайрам­бибӣ, Гадоева Оламбибӣ ва Қоси­мова Маълумбибӣ, ки 16 апрели 1929 дастаи босмачиёни Фузайл Махсум ба қатл расонидаанд, бахшида шудааст. Баъдан мусав­ва­раҳои «Гулҳои Зарафшон» (1980), «Ошёни Норак», «Парастуҳои заминҳои нав­корам» (1982), «Ағбаи Шаҳ­ристон», «Пиллаи Дилварзин» (1983), «Нон» (1984) ва ғайра ба ӯ шуҳрат оварданд. Асарҳои ҷолиби Комил Ёдгор дар сол­ҳои соҳибистиқлолии Тоҷи­кистон «Фоҷиаи булбул» (аз ҳаёти сароянда К. Қур­бо­нов), «Нури ситораи дур» (ба муносибати 1100-солагии давлати Сомониён), «Тарки дарбор» (ба муносибати 1150-солагии Абуабдуллоҳ Рӯ­дакӣ), «Қатли шоир» (ба муносибати 150-солагии Нақибхон Туғ­рал), «Суғд­дух­тарон», «Ҳамсояҳо», «Атои Худо», «Субҳ», «Даравгар» ва ғ. мебошанд. Акси асари «Тарки дарбор»-и Комил Ёдгор (2009) дар Эрон бо номи «Тарки Бухоро» интишор ёфт, ки мазмуни васеътарро касб карда, ба Бухорои бе Рӯдакӣ — сардафтари адабиёти форс-тоҷик ишора мекунад. Дар мусаввараи «Қатли шоир» манзараи қатли Нақибхон Туғрал дар соҳили д. Зарафшон тасвир гардидааст. Комил Ёдгор наққоши соҳибҳунар буда, бо асарҳояш беш аз 50 иншооту имо­ратҳои фарҳангию давлатиро дар шаҳрҳои Душанбе, Ху­ҷанд, Қӯрғонтеппа оро додааст.

Комил Ёдгор муддате дар Ҳолланд ва Булғористон зиста, чандин мусаввара офаридааст, ки ҳоло дар толорҳои Қасри шо­ҳии Ҳолланд ва Намоишгоҳи ҳунарҳои нафисаи шаҳри София маҳфузанд. Манзараҳои кашидаи Комил Ёдгор толори Бонки Ҷаҳониро, ки дар Вашингтон воқеъ аст, зеб медиҳанд. Асарҳои Комил Ёдгор дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Чехословакия, Булғория, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа, Ҷопон ва ғайра намоиш дода шудаанд.

  1. 1.0 1.1 Саодат Рахими. Комил Ёдгор - иллюстратор таджикской истории. asiaplustj.info. ASIA-Plus (13 марти 2017). 13 май 2024 санҷида шуд.
  • Молодые художники. Таджикистан. М., 1987.
  • Сӯҳбати ҷонпарвари «Омӯз­гор». Д., 2011.