Jump to content

Комрон Сафаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комрон Сафаров
Ном ҳангоми таваллуд Сафаров Комрон Исмоилович
Таърихи таваллуд 20 январ 1978(1978-01-20)
Зодгоҳ Каздон, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

«Аълочии телевизион ва радио»
«Аълочии матбуот»

Комрон Сафаров (Сафаров Комрон Исмоилович; 20 январи 1978, Каздон, ноҳияи Айнӣ) — рӯзноманигори тоҷик. Аълочии телевизион ва радио. Аълочии матбуот.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Комрон Сафаров 20 январи соли 1978 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Соли 2000 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист — тарҷумон хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 2000 то 2002 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар вазифаи тарҷумон кор карда, моҳи сентябри соли 2002 тавассути озмун дар идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул гардид. Аз соли 2006 дар вазифаҳои муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ, сармуҳаррири идораи мазкур, муовини директори Шабакаи якум ва котиби масъули маъмурияти Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини аввали директори Шабакаи якум фаъолият карда, аз 25-уми ҳамин моҳ то имрӯз муовини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад.

Барномаҳои телевизионӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафаров Комрон муаллифи барномаҳои телевизионии «Парламент», «Файзи Истиқлол», «Рукни чорум», «Маърифати ҳуқуқӣ» ва «Меҳвари иттилоот» буда, ҳамзамон беш аз 60 филми ҳуҷҷатии телевизионӣ таҳия намудааст, ки дар хазинаи Шабакаи якум маҳфузанд. Аз он ҷумла, «Истиқбол аз Истиқлол», (18 қисм), «Як рӯзи Сангтӯда». «Эъҷози нурофарӣ», «Қавлу амал», (қисми 1), «Ҷодаи қисмат», (19 қисм), «Истиқлол ва эҳёи Тоҷикистон», «Наҷотбахши миллат», «Тоҷикистон ва истиқлоли давлатӣ» (солнома 1993), «Эмомалӣ Раҳмон ва амнияти озуқаворӣ», «Аз Паём то Паём» (солҳои 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013), «Дастоварди сол», (2008, 23009, 2010, 2011, 2012), «Хуршеди Ваҳдат», «Тоҷикистони воҳид», «Об манбаи ҳаёт», «Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», «Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай» ва ду қисм «Сабақи таърих».

Мукофоту ифтихорномаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Комрон Сафаров таърихи 16 августи соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда, инчунин дорои нишони «Аълочии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии матбуот», «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рузноманигорӣ, санъат ва меъморӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.