Корбар:Husayn Mahmud/Сиёҳнавис
Ноҳид
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳид Фозил - шоира, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Номи пурра | Ноҳид Фозил |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 18 август 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ: | Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоира, рӯзноманигор, тарҷумон |
Самт: | Адабиёт, журналистика |
Жанр: | Шеър |
Забони осор: | забони тоҷикӣ, забони русӣ |
Аввалин қадам: | "Нигоҳи аввал" |
Шарҳи ҳол
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳид 18 августи соли 1968 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ шавқу завқи тамом доштааст. Маҳз дилбастагӣ ба адабиёт буд, ки Ноҳид таҳсилро дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) идома бахшид.
Баъд аз хатми донишгоҳ дар соҳоти табъу нашр, фарҳангу маориф, аз ҷумла нашриёти "Адиб", ҳафтаномаҳои "Адабиёт ва санъат", "Нақлиёт" ва "Анбоз" кор кардааст. Айни ҳол сардабири маҷаллаи "Фирӯза"-и Фазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Узви Иттифоқи нависадагон (2000) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он, ба монанди "Садои Шарқ", "Адабиёт ва санъат", "Бонувони Тоҷикистон", "Фирӯза", "Чархи гардун", "Тоҷикистон", "Нафосат" (Ӯзбекистон), "Persian Heritage" (Лондон) ба нашр расидаанд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва ба дасти чоп расидаанд. Инчунин Ноҳид як силсила шеърҳои шоирони рус Б. Пастернак, А. Ахматова, В. Куняев ва Е. Чепурнихро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Зери назари Ноҳид соли 2018 китоби "Оинадори аҳди бостон" ба табъ расид, ки ба кору зиндагии бостоншиноси машҳури тоҷик, муҳаққиқи Саразми бостон, номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов бахшида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]"Нигоҳи аввал" (1994)
"Нома ба маҳбус" (2000)
"Сатрҳои нафассӯхта" (2002)
"Тасбеҳ" (2017)
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайки абад
Ман з-оташу боду обу хокам,
Андеша набошад аз ҳалокам,
Дар хумми дили ҷаҳони мозӣ
Бо ҷӯши нуҳуфта хуни токам.
Эй фалсафаи ту марги дилҳо,
Дар риштаи зиндагӣ чигилҳо.
Дил ёбу абас дари муҳаббат
Ангушт мазан ба зуҳду чилҳо.
Дар тавсани оташи висолаш,
Ҷуз сӯхтанам маро ҳавас нест.
Бе чашмаи чашми сабзгунаш,
Чун ман зи аташ фасурда кас нест.
Чун мӯр ба пои кӯҳи ишқаш
Густох нишастаам ба даъво.
Ё кӯҳ ба зарраам фазояд,
Ё худ гирам ба кӯҳ маъво.
Фонуси маҳ аст иштиёқаш,
Дар тирараҳи шаку тааққул.
Ҳар субҳ ки медамад зи чашмам,
Бо пайки абад кунад таҷаммул.
Ман з-оташу боду обу хокам,
Андеша набошад аз ҳалокам.
Дар хумми дили ҷаҳони мозӣ
Бо ҷӯши нуҳуфта хуни токам.
***
Дуруд, эй баҳор
Фасли фусуни хоку об,
Санъати боду офтоб.
Гардиши Мавлавии чарх
Ёфта неъмати савоб.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Маънии ҳастии ту аст
Маншаъи дину ҳикматам.
Ҳофизи қисмати манӣ,
Қисмати туст қисматам.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Миллатам аз нажоди туст,
Тозаву тозатинатам.
Тоҷи каёниям абад
Гашта ба даҳр зинатам.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Юмни қудуми фарвадин
Зинда кунад зи нав замин.
Зодани Одаму Ҳавост
Ҷашни ҳаётофарин.
Бар ту дуруд сад ҳазор,
Бар ту салом, эй баҳор.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
Аълочии маорифи Тоҷикистон
Медали "100-солагии матбуоти Тоҷикистон"