Jump to content

Корхонаҳои соҳаи мошинсозии ҶТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Корхонаҳои навбунёд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • ҶДММ «Талко Кемикал» аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шурӯъ намуд.
  • Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркунҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оғоз гардид.
  • Дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017 корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркунҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шурӯъ намуд.
  • Дар шаҳри Душанбе 14 феврали соли 2018 корхонаи ҷамъу васли автобуси мусофиркаши тамғаи «Акия» ба кор шурӯъ намуд ва марҳилаи дуюми он 19 марти соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуд. Истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» аз тарафи КМ тоҷикию-туркӣ «Акия Авесто Автоматив Индастри» дар заминаи КВД «Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус)»-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур солона аз 250 то 300 автобус мебошад.

Айни замон нархи як адад автобуси тамғаи АКИЯ-и истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 ҳазор евро мебошад.

  • 31 марти соли 2019 дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва Компания» то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад. Тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад.
  • Марҳилаи аввали корхонаи ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор моҳи майи соли 2018 ва марҳилаи дуюм яъне ба пуррагӣ моҳи сентябри соли 2018 расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ворид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолоти истеҳсоли Беларус машғул мебошад. Дар 11 моҳи соли 2019 103 трактори тамғаҳои «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», 38 адад тойбанд 36 адад ядак (прицеп) ҷамъу васл карда шудаанд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 1700 адад трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ мебошад.

Дар соҳа айни замон дар самти коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга ва истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ дастовардҳои бештар ба назар мерасанд. Хусусан фаъолияти корхонаи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои металлӣ -ҶСП «Норд Азия металл»-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ «Труба ва профилҳои тоҷик»-и шаҳри Ҳисор, корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ -ҶДММ «Тоҷпроф»-и МОИ «Суғд», ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”-и ноҳияи Рудакӣ ва корхонаҳои нави истеҳсоли маводҳои таркандаи саноатӣ- ҶДММ КМ «Муосир» ва ҶДММ «Колорит технолоҷӣ» назаррас буда, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои номбурда дар ҳаҷми маҳсулоти соҳа тадриҷан зиёд гардида истодааст.[1].

Корхонаҳои соҳаи мошинсозии ҶТ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Корхонаҳои соҳа Мавқеи ҷойгиршавӣ Иқтидори истеҳсолӣ ва навъи маҳсулот Маҳсулоти истеҳсолшаванда Шумораи коргарон
1 Ширкати Алюминийи Тоҷик[2] ш. Турсунзода 400 ҳаз.тонна алюминийи аввалия дар як сол алюминийи аввалия 6787 нафар
2 ҶДММ «Криолит» н. Ёвон 12 ҳаз.тонна криолит, 18 ҳаз.тн. алюминийи фтордор, 100 ҳаз.тонна кисолати сулфат ва 4000 ҳаз.тонна каогулянт дар як сол криолит, алюминийи фтордор, кислотаи сулфат ва каогулянт 500 нафар
3 ҶСК «Трансформатор» ш. Бохтар истеҳсолии трансформаторҳои гуногунтамға – 1000 дона дар як сол трансформаторҳои гуногунтамға 104 нафар
4 ҶДММ «Ноқили Талко» ш. Душанбе 12 ҳаз. тонна дар як сол ноқилҳои гуногуни рӯйпушшуда ва рӯйпушнашуда 85 нафар
5 КВД «Коргоҳи машинасозӣ» ш. Душанбе иқтидори истеҳсолӣ -20 млн. сомонӣ мошинолотҳои кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиёти барои хоҷаги қишлоқ, барқи тоҷик, ширкати алюминий тоҷик, қисмҳои барои НБО, молҳои ниёзи мардум дар як сол мошинолотҳои кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиёти барои хоҷаги қишлоқ, барқи тоҷик, ширкати алюминий тоҷик, қисмҳои барои НБО, молҳои ниёзи мардум 336 нафар