Кулчаи равғанӣ
Зоҳир
Кулчаи равғанӣ хамири он аз орд, хамирмоя, шир, равғани дунба ё зард ва ҷаззаи кӯфта тайёр карда мешавад. Баъд аз расидани хамир онро ба зуволаҳои 80-100 г ҷудо карда, ҳамчун нони обӣ кулчаҳо месозанд. Ба рӯйи кулча нонпар зада, 20-25 дақиқа болояшро пӯшонда мемонанд, то ки кулча дам гирад ва баъд дар танӯр ё тафдон мепазанд. Баъди сурх шудани кулчаҳо ба рӯи онҳо равған мемоланд. Барои кулчаи равғанин ба 1 кг орд 1 истакон шир, 20 г хамирмоя, 1 истакон равған, 0,5 истакон ҷазза, 2 қошуқча намак, барои ба рӯйи нон молидан 2 қошуқ равғани зард лозим аст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нонпазӣ. 20 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |