Курт Гӯдел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Курт Гӯдел
олмонӣ: Kurt Friedrich Gödel
1925 kurt gödel.png
Санаи таваллуд:

28 апрел 1906(1906-04-28)[1][2][…]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

14 январ 1978(1978-01-14)[1][4][…] (71 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

назарияи маҷмӯъаҳо[d] ва мантиқи риёзӣ

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

Hans Hahn[d][6]

Ҷоизаҳо:
Имзо:

Имзо

Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Commons-logo.svg Курт Гӯдел дар Викианбор

Курт Фри́дрих Гӯдел (олмонӣ: Kurt Friedrich Gödel; 28 апрели 1906, Брюнн, Утриш-Маҷористон14 январи 1978, Принстон, Ню-Ҷерси) — мантиқшинос ва риёзидони утришӣ. Приват–дотсенти Донишгоҳи Вена (1933–39), соли 1940 ба ИМА муҳоҷират кард. Проф. Ин-ти таҳқиқоти олии ш. Принстон (аз 1953).

Зиндагинома[вироиш]

Курт Гӯдел дар синни дувоздаҳсолагӣ ва замоне, ки имперотурии Утриш-Маҷористон аз ҳам пошид, худбахуд тобеияти Чекислувокӣ ёфт аммо дар 23 солагӣ худ тобеияти Утришро пазируфт. Ӯро дар хона ба хотири кунҷковии сери нопазираш ба номи «Оқои чаро» мешинохтанд.

Риёзиёт[вироиш]

Курт Гӯдел дар соҳаи мантиқи риёзӣ, назарияи маҷмӯъҳо ва назарияи амсилаҳо (моделҳо), аз ҷумла: теоремаи пуррагии ҳисоби маҳдуди маҳмулҳо (предикатҳо), усули арифметикикунонии риёзиёт, исботи бетазоддии чандин фарзияҳои назарияи маҷмӯъ ва ғ. ба натиҷаҳои муҳим ноил гардид. Муҳимтарин кашфиёти ӯ дар мантиқ исботи теоремаи нопуррагӣ (1931) ва бетазоддии системаҳои шакл мебошад. Мувофиқи кашфиёти якум (дар мантиқ бо номи «теоремаи Гёдел» машҳур аст), агар системаи шаклии арифметика бетазод бошад, он нопурра аст. Яъне, агар системаи Z (ададҳои натуралии арифметикӣ) бетазод бошад, дар он чунин қазияи р вуҷуд дорад, ки на худи р ва на инкори он тавассути васоити Z исботшаванда нест.

Мувофиқи теоремаи дуввум, агар системаи шаклӣ бетазод бошад, исботи бетазоддии он аз роҳи васоити дар системаи мазкур муташаккил (формализатсияшаванда) имконнопазир аст. Курт Гӯдел дар асоси таҳлили системаи шаклии баённамудаи А. Уайтхед ва Б. Рассел нишон дод, ки дар системаҳои нисбатан муътадил қазияҳои ҳалнашаванда (дар як вақт на исботшаванда ва на радшаванда) вуҷуд доранд.

Тавассути теоремаи Курт Гӯдел иҷронопазирии барномаи риёзидони олмонӣ Д. Ҳилберт оид ба формализатсияи риёзиёт ба исбот расида, маълум гардид, ки ҳатто пурра формализатсия кардани арифметикаи ададҳои натуралӣ имконнопазир аст, зеро дар арифметикаи формализатсияшуда қазияҳое мавҷуданд, ки ҳалнашавандаанд. Аз ин ду теоремаи Курт Гӯдел натиҷаҳое бармеоянд, ки дар соҳаҳои мухталифи мантиқи риёзӣ ва назарияи истидлол аз аҳаммият холӣ нестанд, зеро дорои хусусияти методологию маърифатианд. Теоремаҳои Курт Гӯдел имкон доданд, ки аз назари фалсафию методологӣ формализатсияи пурраи муҳокима ва донишҳои илмӣ номумкин дониста шавад. Ин табаддулоти илмии баамаловардаи Курт Гӯдел буд. Курт Гӯдел нишон дод, ки соҳаи истифодаи усули аксиомавӣ маҳдуд мебошад. Чунончи, тамоми риёзиётро дар шакли як системаи ба таври аксиомавӣ танзимшуда тасвир кардан мумкин нест, бо вуҷуди он ки усули мазкур дар фаслҳои мухталифи илми риёзиёт ва мантиқ васеъ истифода мешавад.

Курт Гӯдел дар ибтидои фаъолияти хеш чун узви «Маҳфили ве нагӣ»-и неопозитивистон бо ҳамроҳии Р. Карнап, А. Тарский ва дигарон бо масоили фалсафӣ, махсусан масъалаҳои мантиқ ва назарияи эҳтимолӣ, машғул гашта, дар коркард ва инкишофи «техникаи мантиқӣ» саҳми арзанда гузошт. Баъдтар Курт Гӯдел ҳамчун мунаққиди субъективизм дар масъалаҳои фалсафии мантиқ ва риёзиёт машҳур гардид.

Осор[вироиш]

  • Совместимость аксиомы выбора и обобщённой континуум-гипотезы с аксиомами теории множеств // Успехи математических наук. 1948, Т. 3, вып.1;
  • Нагель Э., Ньюмен Д. Р. Теорема Гёделя/ Пер. с англ. М., 1970.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #11869569X // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. 2.0 2.1 Архив по истории математики Мактьютор
  3. Комитет исторических и научных работ — 1834.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  5. 5.0 5.1 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jn20000602196
  6. 6.0 6.1 Математическая генеалогия — 1997.

Адабиёт[вироиш]

  • Современная западная философия. М., 1991;
  • Философия/ Под общ. ред. В. В. Миронова. М., 2005.

Сарчашма[вироиш]