Jump to content

Кӯчабоғӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кӯчабоғӣ — 1. Аз оҳанг, сурудҳои маъмул дар таркиботи мақомҳои бурун аз маҷмӯи «Шашмақом».

2. Нағма, оҳанг дар таркиби дастгоҳҳои эронӣ (дастгоҳи Шӯр) овози Даштӣ.

3. Кӯчабоғӣ чун оҳанг дар таркиботи «Дувоздаҳмақом» ба назар намерасад. Вале дар санъати овозхонии мардумӣ, ғайриҳирфаӣ сабк, шеваи иҷроӣ суруд, оҳангҳои мавриди таваҷҷуҳи мардум аз сатҳи ҳунарӣ паст, камҳунарӣ, ки орӣ аз қавонини мусиқӣ, бо матну каломи роиҷ ва сар сарии забони авом хондашавандаро гӯянд.

4. Дар осори мусиқӣ Кӯчабоғӣ навъе аз тасниф (суруд) ҳам зикр шуда ва он бо номи сурудҳои мардумӣ (кӯчабозорӣ) ҳам ёд мешавад. Бояд хотирнишон кард, ки ду навъи боғотихонӣ дар анъанаи иҷроӣ амал дошт (боғотӣ, шаҳрӣ) ва Кӯчабоғӣ метавонад бозмондаи боғотихонӣ бошад.

5. Сабки иҷроию эҷодии Кӯчабоғӣ фақат хоси як маҳал, минтақа набуда ва ҳар маҳал сабки хоси хешро дорост. Мас. дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, водии Фарғона, Турбати Ҷом Кӯчабоғӣ -ҳо зарбу авзон, сабки хоси иҷроӣ доранд.

6. Кӯчабоғӣ дар байни мардум ба як тариқаи хондан тавассути касоне, ки бемуҳобо дар баъзе шабҳои бехайёлию мастӣ дар кӯчаю хиёбонҳо садо сар медиҳанд, иҷро мешавад.

Баҳори Аҷам, Деҳлӣ. 1294; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963; Вожаномаи мусиқӣ, Теҳрон, 1375; Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377; Ражабов И. Мақом-лар масаласига доир, Тош., 1963.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 104 ISBN 978-99947-49-13-3