Jump to content

Лапарбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Лапарбозӣ

Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, ҳар кадом «лапар» – санги гирди ҳамворро интихоб мекунанд. Лапарҳоро бо навбат аз масофаи муайян ба сӯйи санги нишона, ки онро «чилғиз» меноманд, ҳаво медиҳанд. Бозигари ғолиб – оне, ки сангаш ба чилғиз наздиктар афтида аст, лапарҳои дигаронро бо санг зада, дар охир чилғизро ҳамин тавр зада, дуртар меандозад. Сипас бо кафи по ҳисоб мекунанд, ки чилғиз ба кадом масофа дуртар афтидааст. Ҳамин тариқ, миқдори кафи пойҳоро шумурда, то марраи муайян мерасанд. Ҳар бозигаре, ки ба ҳисоби марра пештар расид, иштирокчии бохтаро аз дастаи ҳариф «хар» карда, ба болояш савор мешавад. Дар Зарафшон, Рашт, Бадахшон фаъол аст.[1]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 184