Лионел Месси

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Лионел Месси
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Лионел Андрес Месси Куччиттини
(исп. Lionel Andrés Messi Cuccittini)
Лақаб Кайк (исп. La Pulga)
Кайки атомӣ (исп. La Pulga Atómica)
Таваллуд 24 июн 1987(1987-06-24) (36 сол)
Росарио, Санта-Фе, Аргентина
Шаҳрвандӣ Парчами Аргентина Аргентина
Қад 170[1] см
Вазн 72[1] кг
Мавқеъ ҳамлагар
Иттилоот дар бораи даста
Даста Парчами ИМА «Интер Майами»
Шумора 10
Маснад
Бошгоҳҳои ҷавонон
1992—1994 Парчами Аргентина «Грандоли»
1994—2000 Парчами Аргентина «Нюэллс Олд Бойз»
2000—2003 Парчами Испания «Барселона»
Маснади бошгоҳӣ*
2003—2021 Парчами Испания «Барселона» 520 (474)
2003—2004 Парчами Испания «Барселона C» 10 (5)
2004—2005 Парчами Испания «Барселона B» 22 (6)
2021—2023 Парчами Фаронса «ПСЖ» 58 (22)
2023—то ҳол Парчами ИМА «Интер Майами» 0 (0)
Мунтахаби миллӣ**
2004—2005 Парчами Аргентина Аргентина (то 20 сола) 18 (14)
2005—то ҳол Парчами Аргентина Аргентина 175 (103)
2008 Парчами Аргентина Аргентина (олимп) 5 (2)
Медалҳои байналмилалӣ
Бозиҳои олимпӣ
Тилло Пекин 2008
Ҷоми ҷаҳонии футбол
Нуқра Брозил 2014
Тилло Қатар 2022
Финалиссима
Тилло 2022
Ҷоми Амрико
Нуқра Венесуэла 2007
Нуқра Чили 2015
Нуқра ИМА 2016
Биринҷӣ Брозил 2019
Тилло Брозил 2021

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ.

Лионе́л Андре́с Ме́сси Куччитти́ни (исп. Lionel Andrés Messi Cuccittini; 24 июни 1987, Росарио, Санта-Фе, Аргентина) — футболбози аргентинии бошгоҳи «Интер Майами» ва сарвони тими миллии Аргентина. Ӯ аввалин футболбозе аст, ки 7 маротиба соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ» («France Football») ва 6 маротиба мукофоти «Кафши тилоӣ» шудааст, қаҳрамони ҷаҳон 2022.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Лионел Месси 24 июни соли 1987 дар шаҳри Росарио, Аргентина ба дунё омадааст. Падараш Хорхе Орасио Месси, модараш Селия Мария Месси мебошад. Месси футболро аз панҷсолагиаш дар бошгоҳи «Грандоли» сар кард. Дастпарвари академияи футболи «Барселона», дар ҳайати асосии «Барселона» аз синни 17-солагиаш бозӣ кардааст. Ҳамроҳи «Барселона» 4 маротиба ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА, 8 бор соҳиби қаҳрамони Испониё, 4 маротиба соҳиби Ҷоми Испониё, 4 маротиба соҳиби Суперҷоми Испониё, 3 маротиба соҳиби Суперҷоми Урупо, 3 маротиба соҳиби ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон гаштааст. Лионел Месси 5 маротиба голзани беҳтарини Лигаи Қаҳрамонҳо ва 3 маротиба чемпионати Испониё буд.

Солҳои 2005 ва 2007—2013, 2015 ӯ «Бозигари беҳтарини сол дар Аргентина», дорандаи 7 ҷоиза барои «Бозигари беҳтарини аргентинӣ дар хориҷи кишвар» аст. Солҳои 2007, 2009, 2010 ва 2011 «Бозигари беҳтарини чемпионати Испониё» буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Лионел Месси соли 2009 беҳтарин «Бозигари тимҳои клубии Аврупо» ва ҳуҷумкунандаи Лигаи чемпионҳои Аврупо шинохта шуд. Ҳамон сол ӯ соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ» маҷаллаи "Франс Футбол" («France Football»)-и Фаронса ҳамчун футболбозӣ беҳтарини Аврупо ва унвони «Бозигари сол, ФИФА» ҳамчун футболбозӣ беҳтарини ҷаҳон аз рӯи баҳои (версияи) ФИФА шинохта шуд. Соли 2010 соҳиби унвони «Футболбози беҳтарини ҷаҳон» соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ». Соли 2011 соҳиби унвони «Беҳтарин бозигари клубии Аврупо» ва соҳиби «Тӯби тилоӣ» гардид. Дар соли 2012 ӯ аввалин футболбозе гардидааст, ки 7 маротиба дорандаи мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ» («France Football») ва мукофоти «Бутсаи тилоӣ» (2010, 2012 ва 2013) шуд. Соли 2021 Лионел Месси футболбози маъруфи собиқи бошгоҳи Барселона ва муҳоҷими кунунии аргентинии бошгоҳи Порис Сент-Жермен (ПСЖ) — ҳафтумин бор баранди ҷоизаи «Тӯби тилоӣ» шуд ва унвони беҳтарин футболбози солро ба даст овард. Ин ҷоизаро ҳамасола маҷаллаи "Франс Футбол"-и Фаронса барои беҳтарин бозигари сайёра эҳдо мекунад. Пештар аз ин Месси дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015 ва 2019 барандаи ин ҷоиза шуда буд.[2]. (мукофот барои нишонзани беҳтарин дар чемпионати дохилии (Аврупо), соле 1 маротиба супорида мешавад.) гардидааст.

Рекордҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ягона футболбозе, ки дорандаи 7-каратаи мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ» («France Football») аст.
  • Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона»: 502 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи тими «Барселона» (бозиҳои расмӣ): 474 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи чемпионати Испания: 383 гол (2018)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи суперҷоми Испания: 12 гол (2016)
  • Голзани беҳтарин дар таърихи суперҷоми Аврупо: 3 гол (2016)
  • Ҷавонтарин бозингар дар таърихи тими мунтахаби Аргентина, ки дар чемпионати ҷаҳон гол задааст (18 солаву 357 рӯза)
  • Ҷавонтарин футболбозест, ки соҳиби мукофоти ФИФА «Тӯби тилоӣ» («France Football») гаштааст (24 солаву 199 рӯза)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Lionel Messi | Web Oficial | Paris Saint-Germain
  2. www.asiaplustj.info. Месси 7-мин бор соҳиби Тӯби тилоӣ шуд(тоҷ.) (30 ноябри 2020). 30 ноябри 2020 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]