Литсей-интернати Президентӣ
Литсей як намуди нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.
Таърихи
[вироиш | вироиши манбаъ]14 январи соли 1992 литсейи №1-и шаҳри Душанбе таъсисёфта, тибқи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1998, №60 ба литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Аз 17.08.2020 ба "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон" номгузорӣ шуд.
Литсей-интернатӣ Президентӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар он кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сезабон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳсил карда, соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мешаванд.
Литсей-интернат фаъолияти худро дар асоси Конститутсяи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии таҳсилот, Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, Низомномаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низомномаи хеш ба роҳ мемонад.
Муассиси литсей Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарварони литсей
[вироиш | вироиши манбаъ]Ному насаби директор | Солҳои директорӣ |
---|---|
Салиҳов М.Б | 14.01.1992-1995 |
Султоншехов И.С | 1995-1.03.2001 |
Шамсуддинов З.Ш | 1.03.2001-15.12.2008 |
Муминова Давлатбӣ Намозовна | 15.12.2008-29.10.2011 |
Мадатова Манзура Тоҷиддиновна | 29.10.2011- 03.2015 |
Исмоилзода Баҳром Мансур | 03.2015 - 05.03.2021 |
Ғайратзода Лайло Диловар | 05.03.2021 - дар вазифа |
Унвонҷуёни илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тӯли мавҷудияти литсей Суяров Қ,- номзади илмҳои химия, Наҷмиева Ҳ,- номзади илмҳои педагогика, Элбоев В,- номзади илмҳои филология кору фаъолият кардаанд.
Муаллимони шодравон
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи омӯзгорони шодравон: муалимаи география дорандаи ордени «Дӯстӣ» Ҷумаева Истода ва аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, муаллими расм ва нақша Очилдиев Олимҷон дар таърихи литсей абадан нақш баста аст.
Омӯзгорони литсей – интернати Президентӣ дар фаъолияти ҳама рӯзаи хеш баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия заҳмати зиёд мекашанд.
Кӯшишҳои аҳли литсей маҳз баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати маориф равона карда шудааст. Сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишу маърифати хонандагон дар тарзи ба роҳ мондани кори таълиму тарбия зоҳир мегардад.
Аз ҷумла, иштироки хонандагон дар Олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ яке аз меъёрҳои иҷрои стандарти давлатии таълим ба шумор рафта, аз такомули тафаккури мантиқии хонандагон, бедории шавқу завқи хонандагон дар омӯзиши фанҳои дӯстдоштаи онҳо дарак медиҳад.
Сарчашмаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайти Литсей-интернати Президентӣ http://lip.tj Бойгонӣ шудааст 17 май 2014 сол.