Jump to content

Лутфишоҳи Додо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфишоҳи Додо
Лутфишоҳи Додо
Таърихи таваллуд: 15 ноябр 1943(1943-11-15) (80 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Роштқалъа
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор

Лутфишоҳи Додорӯзноманигор, шоир , узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1987), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1998)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лутфишоҳи Додо 15 ноябри соли 1943 дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд ёфтааст. Соли 1967 Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм карда, дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ», нашриёти «Ирфон», Хонаи эҷодиёти халқ, радиои чумҳурӣ, АМИТ «Ховар», ҳафтаномаи «Минбари халқ» фаъолият бурдааст. Ҳоло раиси бахши вилоятии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ мебошад. Аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Муаллифи китоби шеърҳои «Хонаи баҳор» (2006), осори публитсистии «70 соли Хоруғ» (2002), «Лаъли Бадахшон» (2006) ва достони «Чакомаи афсӯс» (2013) аст. Қиссаи «Гуроз» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» интишор ёфтааст. Иддае аз ашъораш дар 8 китоби дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.

  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Медали «100-солагии матбуоти тоҷик».[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 82 - 83 ISBN 978-99947-2-379-9